Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

+47! ГАРМОИ ШАДИД ДАР ТОҶИКИСТОН ТО ПОЁНИ МОҲИ ИЮЛ БОҚӢ ХОҲАД МОНД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 23 июли соли 2022 бо нашри як муроҷиатнома ба сокинон ва меҳмонони кишвар хабар дод, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, ҳавои фавқулодда гарм дар қаламрави ҷумҳурӣ дастикам то поёни моҳи июл боқӣ мемонад ва ҳаво дар ин рӯзҳо дар водиҳо то +40+45 дараҷа тибқи ҷадвали Тселсий гарм шуда, дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон ҳаво то +47 дараҷа гарм боқӣ мемонад. Чунин гармои шадид дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони Тоҷикистон низ ба “тохтутоз” идома дода, ҳарорати ҳаво то 37+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияи Дарвоз ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо то ба 42+44  дараҷа хоҳад расид.

22-25 июл ба далели гармои шадид сатҳи об дар рӯдхонаҳои  Панҷ, Вахш ва Зарафшон боло рафта, рӯзҳои 22-24 июл дар ноҳияҳои кӯҳистон ва баландкӯҳ, ба истиснои ноҳияҳои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хатари омадани сел аз пиряхҳо вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҳузур дар соҳили кӯлу дарёҳо низ аз эҳтиёт кор гиранд. 

Ҳамчунин, Кумита аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад ба хотири риояи бехатарӣ ба тавсияҳои зерин гӯш фаро диҳанд:

·                     Давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар дамои ҳаво поин рафт, метавон тирезаҳоро боз кард, албатта агар ин бехатар бошад;

·                     Ҳангоми шамол додани хона, кӯдаконро беназорат нагузоред; 

·                     Ҳарорати дохили хонае, ки бо ҳавополо сард карда мешавад, набояд поинтар аз  +23+24 дараҷа бошад. Тобистонҳо ҳама бемориҳои шамолхӯрдагӣ бар асари истифода нодурусти ҳавополо, истеъмоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва якмосҳо рух медиҳанд; 

·                     Аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунед, кӯшиш намоед дар соя бимонед. Бахусус бо кӯдакони то сесола гардиш кардан дар кӯча тавсия намешавад. Аз иҷрои корҳои вазнин ҳам худдорӣ кунед;

·                     Либосҳои тунуку сабук пӯшед, дар сар кулоҳ дошта бошед, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор мераванд ё ҷойи дигар;

·                     Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро меваҳо манбаъҳои аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин боиси поин рафтани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшкиҳои спиртӣ худдорӣ намоед;

·                     Кӯдаконро дар дохили мошинҳо танҳо нагузоред. Пеш аз он ки ба мошине, ки дар офтоб истодааст, нишинед, аввал дарҳои онро боз кунед;

·                     Агар одами гармозадаро дидед, фавран ӯро дар соя хобонед, тавре, ки шамол ба рӯяш расад, ӯро водор созед, то қатра-қатра об бинӯшад, баданашро бо латтаи намнок  пок созед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ дода шавад;

·                     Ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об, оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

Одамоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мебаранд дар гармо чӣ бояд кунанд?

1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ дошт. 

2. Ҳатман он дуруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, истеъмол намуд.
3. Бо худ бояд оби бегаз дошт.
4. Рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошт, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кард ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ дошт.
5. Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.

6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.

7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшед.
8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.

9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед.  
10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои ногувор бо телефони 112; 93 880 28 19; 223-13-11 ва ё 
ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар диҳед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button