ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ФОҶИА АЗ ПАСИ ФОҶИА: МАРГИ ФОҶИАВИИ 7 НАФАР ДАР АЙНӢ ДАР БАЙНИ ҲАМАГӢ НИМ РӮЗ

Дар байни ҳамагӣ ним рӯз: аз шоми 20 июл то субҳи 21 июл дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд  дастикам 7 нафар ба таври фоҷиавӣ ҷон бохтаанд – 6 нафари ин қурбониён дар ду садама бар асари ба чуқурӣ сарозер шудани мошинҳо ба ҳалокат расида, як зани ҷавон аз деҳаи Шеватки поён худро ба дарёи Зарафшон партофтааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 21 июли соли 2022, соати 07:05 ба қисми навбатдории ин кумита дар бораи як садамаи мудҳиш дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ хабар додаанд. Як мошини “Мерседес” бо 4 нафар дар километри 126–уми шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд ҳангоми ҳаракат аз ҷониби Душанбе ба далели номаълуме дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба чуқурии 120 метр сарозер шуда, сипас ба Фондарё афтодааст. Шоҳидони ҳодиса барои кумак ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат кардаанд.  Ҷустуҷӯи ҷасадҳо ду рӯз боз идома дорад, вале ҳанӯз натиҷа надодааст.

Наҷотбахшон ҳамин тавр, аз субҳи 21 июл ҷасади як зани 23-солаи сокини деҳаи Шаватки поёни ҷамоати Рарзи ноҳияи Айниро меҷӯянд, ки соати 09:10 ба сабабҳои номаълум худро ба дарёи Зарафшон партофтааст. Ҷустуҷӯи ҷасад аз ҷониби гуруҳи наҷотбахшону ғаввосони водии Зарафшон дар рӯзи аввал натиҷа надод ва аз субҳи 22 июл аз сар гирифта шуд.

Шоми 20 июл, соати 19:45 боз ҳам дар ҳамин ноҳияи Айнӣ, дар ҳудуди ҷамоати Урметан як мошини тамғаи ГАЗ-2705 ба чуқурии 40 метр сарозер шуд. Дар натиҷа, 2 мусофири ин мошин бар асари ҷароҳатҳои бардоштаашон дар бемористон ҷон бохта, ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ карда шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 20 июл як духтарчаи 12сола аз ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритӯс аз беэҳтиётӣ дар канал афтода, ғарқ шудааст. Ҷасади ӯро баъди як рӯзи ҷустуҷӯ пайдо кардаанд.

Аз аввали соли 2022 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай беш аз 110 нафар, аз ҷумла наздики 60 ноболиғ ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button