ВидеоҶомеа

ЯКЕРО 13 КОРД ЗАДААНД, ДУЮМИРO 11 КОРД… ТАФСИЛОТИ КУШТОРИ ДУ ЗАНИ ФАРРОШ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Хабари куштори ду зани фаррош дар маркази ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғд як хабари аз ҳама пурсарусадои рӯзҳои охири Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Сомонаи Farazh.tj бархе тафсилоти ин куштори бераҳмонаро нашр кардааст.

Мӯниса Фозилова, яке аз хешовандони ду зани кушташуда ба “Фараж” гуфт, кушташудагон Вориса Фозилова хоҳари ӯ ва Умеда Зокирова зани додараш  мешаванд. Онҳо сокинони деҳаи Ғазантараки ҷамоати Ғазантарак будаанд ва ҳарду 3 сол инҷониб дар Идораи замини ноҳияи Деваштич, ба ҳайси фаррош, кор мекарданд.

– Аз сабабе, ки кормандони идора рӯзҳои шанбе то дервақт кор мекунанд, фаррошон рӯзи якшанбе барои тоза кардани утоқҳои корӣ мераванд. Ҳодиса рӯзи якшанбеи 17-уми июл рух дод. То ҳанӯз сабабҳои ҳодисаро намедонем. Ин ду нафар шахсони одӣ ва беозор буданд. Музди ночиз мегирифтанд ва меҳнати ҳалол мекарданд. Як рӯз қабл дар идораи замин камтар сӯхтор шуда будааст. Фаррошҳо барои тоза кардани оқибати оташсӯзӣ рафта буданд. Хоҳарам 56 сол ва келинамон 45 сол доштанд. Аз хоҳарам Вориса 1 писар ва аз зани додарам Умеда 3 духтари ноболиғ ятим монданд, – нақл кардааст Фозилова.

Мӯниса Фозилова гуфт, якеро бо 13 зарби корд ва дуюмиро бо 11 зарбаи корд куштаанд. Ба ин суол, ки теъдоди захми кордҳоро кӣ ва чӣ гуна муайян кард?, Мӯниса Фозилова гуфт: “Як келинамон духтур аст, вақти шустани бадани майитҳо ҳамааш маълум шуд. Пайи кордҳоро ҳисоб кардем, яке 13 ва дигаре 11 захми корд дошт, ки хеле чуқур буданд”.

Мақомоти милитсияи Деваштич, бо сабаби дар тафтишот қарор доштани парванда, дар бораи куштор ҷузъиёт намедиҳанд. Муовини ШВКД дар ноҳияи Деваштич Абдулов гуфтааст, “бе иҷозати роҳбарияти Раёсат ягон хел маълумот намедиҳем.”

Тибқи маълумот, бо гумони даст доштан дар куштори ин ду зан нафаре бо номи Сабоҳиддин Мунавварзода боздошт шудааст. Бархе манобеъ ӯро корманди идораи замини ноҳияи Деваштич ва бархеи дигар корманди идораи ободонӣ ном мебаранд.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар робита ба ин ин ҳодиса аз ҷониби додситонӣ бар асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори ду нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ба Саҳобиддин Мунавваров  барои куштани ду нафар то 25 соли зиндон ваё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

ВКД Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки дар нимаи аввали сол дар Тоҷикистон аз ҷумла 22 одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва 64 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Дар нимаи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон 20 куштор рух дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button