ВидеоМуҳоҷирон

СЕ СОЛ ҲУКМИ … ШАРТИИ ЯК МИЛЛАТГАРОИ РУС БАРОИ ДАЪВАТ БА КУШТАНИ МУҲОҶИРОН, АЗ ҶУМЛА ТОҶИКҲО

Додгоҳи ноҳияи Петрогради шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 19 июли соли 2022 ҳукми Роман Ивановро эълон кард.  Иванов бар асоси қисми дуюми моддаи 280 Кодекси ҷиноятии Русия ба даъватҳо бо истифода аз Интернет барои ба амал баровардани амалҳои ифротгароёна айбдор мешавад. Ин банди қонун ҳамчун ҷазот то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале, тавре Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои Петербург дар Телеграм хабар дод,  додгоҳи Петроград Роман Ивановро ба 3 соли ҳартии зиндон бо 3 сол муҳлати озмоишӣ маҳкум кардааст. Иванов ҳамчунин барои 2 солу 10 моҳ аз ҳаққи анҷоми ҳар навъ фаъолияти марбут ба созмонҳову ҷамъиятҳо, аҳ ҷумла бо истифода аз Интернет маҳрум карда шудааст.

Тавре аз маводи парванда бармеояд, “Роман Иванов шоми 3 майи соли 2022 аз соати 19:10 то 21:56 дар хонаи худ бо истифода аз ноутбук бо номи мустаори “Рома Иванов” дар гуруҳи “Нацистское сообщество” (“Ҷамъияти миллатгароён”) дар шабакаи “ВКонтакте” матлабҳоеро нашр кардааст, ки дар онҳо даъватҳо ба анҷоми амалҳои хушунатомез нисбат ба намояндагони миллатҳои муайян (қирғизҳо, тоҷикҳо, ҳамчунин намояндагони халқҳои Қафқозу Осиёи Миёна) дида мешаванд”.

Гуфта мешавад, ки Иванов дар додгоҳ гуноҳи худро пурра эътироф кард.

Дар солҳои охир дар Русия даҳҳо созмону гуруҳҳои мухталифи миллатгаро ва муҳоҷирбадбин таъсис дода шудаанд, ки аз дасти онҳо алакай даҳҳо нафари “симояш ғайриславянӣ” дар заминаи адовати миллӣ кушта шуданд. Вале мавридҳои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашондани саркардагон ва аъзи чунин гуруҳҳои миллатгаро дар Русия ками дар кам аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button