Хабарҳои кӯтоҳЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ СОБИҚАДОРИ МИЛИТСИЯИ ЗАМОНИ ШӮРАВӢ ПОЛКОВНИК САФАРАЛӢ ГУЛОВ

Узви раёсати Шӯрои собиқадорони ВКД Тоҷикистон, полковники мустаъфии милитсия Сафаралӣ Гулов рӯзи 19 июли соли 2022 баъди бемории тӯлонӣ, дар синни 82 аз олам чашм пӯшид. Шӯрои собиқадорони ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки намози ҷанозаи ин собиқадори милитсияи замони Тоҷикистони Шӯравӣ  нимаи дуюми  рӯзи 19 июл баргузор гашта, бегоҳии ҳамин рӯз ҷанозаи шодравон дар оромгоҳи маҳаллаи Калинини пойтахт ба хок супурда шуд.

Сафаралӣ Гулов соли 1940 ба дунё омада, соли 1964 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баробари  хатми донишгоҳ ӯ ба саффи кормандони БДА пайваста, то ба мақомшои баланди  сардори БДА шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Ленинобод (ҳоло: Суғд)  расидааст.

Шӯрои собиқадорони ВКД менависад, ки дар давраи кораш “дар миёни сокинони ҷумҳурӣ бо хизматҳои софдилона ва содиқонааш ба Ватан ном бароварда, садҳо мазмуну мақола ва хабарҳояш дар саҳифаҳои матбуоти даврии ҷумҳурӣ, баромадҳояш дар шабакаҳои телевизионӣ дар ёди мардум боқӣ мондааст”.

Сафаралӣ Гулов соли 1992 ба нафақа рафт. Баъди нафақа ҳам полковник Гулов бекор нанишаст ва чанди сол дар мақомҳои раиси Иттиҳодияи кормандони соҳаи нақлиёти Тоҷикистон, директори кулли ҶСК “Мусофирбар” ва ҳамчун узви Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон кору фаъолият бурда, то рўзҳои охири ҳаёташ узви Раёсати Шӯрои собиқадорони ВКД ҶТ буд.

Шӯрои собиқадорони ВКД ҶТ дар сӯгномааш навиштааст: “Сафаралӣ Гулов натанҳо дар таълиму тарбияи насли ҷавони кормандони милитсия саҳми калон гузошта, шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, балки инчунин чорабиниҳои бешумори хайриявиеро низ дар раванди ҳаёташ ба анҷом расонидааст, ки дар маҷмӯъ номбардори васфаш гаштааст. Хотираҳои неки шодравон Сафаралӣ Гулов дар миёни ҳамкасбон, шогирдон, дўстону пайвандон ва наздикон абадзинда хоҳад монд! Ба наздикону ёру дўстон ва ақрабои марҳум сабри ҷамил хоҳонем! Худованди мутаъол раҳмату мағфираташ гардонад, ҷояшон ҷаннат ва манзили охираташон обод бошад! Алвидоъ! Дўст, ҳамкасбу ҳамкор Сафаралӣ Гулови азиз! Рўҳат ҳамеша шод бод!”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button