АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТ: ҶАНГИ ТОЛИБОН БО ДОИШ ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН САҲНАСОЗӢ БУД (ВИДЕО)

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки ба зидди режими нави Толибон меҷангад, иддаои Толибон дар мавриди инки гӯиё ҷангҷӯёни ДОИШ ҳамлаҳои худ ба хоки Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо Ҷабҳаи муқовимат ҳамоҳанг мекарданд, расман рад кард. Толибон қаблан эълон кард, ки нирӯҳои вижааш шаби 17 июли соли 2022 дар натиҷаи як амалиёти вижа дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Қундуз дар наздикии марз бо Тоҷикистон як маркази созмони террористии ДОИШ-Хуросонро ки ҳамалоти мушакӣ ба хоки кишварҳои ҳамсоя аз ҳаминҷо барномарезӣ ва амалӣ мешуд, аз байн бурданд.

Вале Сибқатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат изҳор доштааст, ки ин ба ном “амалиёти вижа” дар Имом Соҳиб аз тарафи Толибон “саҳнасозӣ” буд ва нирӯҳои Толибон дар марз бо Тоҷикистон на ҷангҷӯёни ДОИШ, балки афроди хориҷии узви худи Толибонро куштаанд.

“Онҳо чанд хориҷии узви Толибонро, ки бо мақомҳои расмии Толибон дар Қундуз дар масъалаи тақсими фоидаҳои қочоқи маводи мухаддир аз тариқи Шерхон-Бандар (бандаре дар рӯи Амӯдарё дар марз бо Тоҷикистон) ихтилофи назар доштанд, куштанд ва онҳоро узви ДОИШ эълон карданд”, – нақли қавл кардааст хабаргузории «Регнум» аз Аҳмадӣ.

Ҷунбиши Толибон, ки ҳукуматро дар Афғонистон дар даст дорад, рӯзи 17 июл хабар дод, ки нирӯҳои вижааш шаби 17 июли соли 2022 дар як амалиёти вижа дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷангиёни созмони тундрави “ДОИШ- Хуросон”-ро, ки дар ҳамлаҳои мушакӣ ба қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон даст доштанд, аз байн бурданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи расмии ба ном “Иморати исломӣ”, субҳи 17 июл дар саҳифааш дар Твиттер бо нашри як видео аз ҷараёни ин амалиёт навишт:  “Шаби гузашта дар минтақаи Қанчағаи вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз қотеоти хоси Иморати исломӣ як маркази хавориҷро кафш карда ва аз байн бурданд. Дар ин амалиёт се тан аз хавориҷ ҳалок ва панҷ тан зинда дастгир шуданд. Васоит ва васоили тахрибии онҳо тасарруф гардид. Инҳо чанде пеш Ӯзбекистону Тоҷикистонро омоҷи ҳамалоти рокетӣ қарор дода буданд”.

Толибон рақибони худ аз гуруҳи тундрави“ДОИШ- Хуросон”-ро “хавориҷ” меноманд, ки маънои бединшудагонро дорад.

 Дар видеое, ки Муҷоҳид нашр карда, ба ҷуз аз лаҳзаҳои амалиёт ҳамчунин пораҳое аз баёноти яке аз дастгиршудагон низ нашр шудааст. Ин нафар, ки худро Асируллоҳ валади Нурмуҳаммад аз вилояти Кобул муаррифӣ мекунад, даст доштанашон дар анҷоми ҳамлаҳо ба қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистонро эътироф мекунад, вале ҳамчунин иддао мекунад, ки гӯё ин ҳамлаҳо дар ҳамоҳангӣ бо нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон анҷом дода мешуданд.

 “Нирӯҳои муқовимат аз Панҷшер ва Андаробҳо ин васоилро барои мо дастрас мекарданд ва аз мо хоста мешуд, ки ба Тоҷикистону Ӯзбекистон зарба бизанем”, – мегӯяд дар баёноташ ин ҷангҷӯи аз ҷониби Толибон дастгиршуда. Тафтиши инки оё ӯ ин суханонро бо ихтиёри худ ба забон меорад ваё таҳти фишор, ғайримумин аст.

Панҷшер ва Андаробҳо ду пойгоҳи асосии нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд аст, ки қариб як сол боз ба зидди режими нави Толибон меҷанганд.

Дар ин Ҷабҳа алакай ҳамон рӯзи 17 июл билофосила иддаои гӯё дар анҷоми зарбаҳо ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамдастӣ кардани нирӯҳои муқовиматро “пӯчу беасос ва маҳсули хаёли хоми Толибон, ки сирф ба хотири таблиғу пропаганда расонаӣ шудааст” номиданд.

Як намояндаи Ҷабҳаи муқовимат ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Толибон бо чунин даъвоҳои бебунёд мехоҳад мақомоти Тоҷикистонро ба қатъи пуштибонӣ аз ин ҷабҳа, ки бисёре аз роҳбаронаш, аз ҷумла худи Аҳмади Масъуд дар Тоҷикистон қарор доранд, моил кунад.

Тоҷикистон аз шумули кишварҳои ангуштшумори дунёст, ки “Иморати исломӣ” – режими нави Толибонро дар Афғонистон қабул накард ва аз нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат пуштибонӣ мекунад.

Тайи моҳҳои охир қаламрави бо Афғонистон ҳаммарзи Тоҷикистону Ӯзбекистон чанд дафъа аз хоки он кишвари ҳамсоя мушакборон шуданд.

Аз ҷумла рӯзи 7 майи соли 2022 ба ҳудуди минтақаи марзии Панҷ аз қаламрави вулусволии Хоҷаи Ғори вилояти Тахори Афғонистон дастикам 7 мушак партоб шуд. Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон дар як изҳорот гуфт, ки гӯё ин мушакҳо дар ҷараёни як задухӯрди байни Толибон ва ДОИШ “тасодуфан” ба қаламрави Тоҷикистон афтодаанд. Вале гуруҳи “ДОИШ- Хуросон”  масъулияти ин мушакборонро ба дӯш гирифта, гуфт, ҷангҷӯяшон ҳадафмандона хоки Тоҷикистонро мушакборон кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button