ВидеоДин ва боварҳо

НАХУСТИН ҲОҶИЁНИ ТОҶИК АЗ МАККАЮ МАДИНА БА ВАТАН БАРГАШТАНД (3 АКС)

Cухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон Афшин Муқим  рӯзи 17 июни соли 2022 бо нашри чанд акс дар Фейсбук хабар дод, ки “нахустин гурӯҳи зоирони Тоҷикистон ҳоло ба Ватан расиданд”.

Худи Афшин Муқим низ имсол ба Ҳаҷ рафта буд.

Имсол аз Тоҷикистон беш аз 3500 нафар тавонистанд барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Сафари онҳо ба Ҳаҷ 20 июн оғоз ёфта, Кумитаи дин гуфта буд, ки аз 17 июл бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба Ватан оғоз мешавад.

Арабистони Саудӣ солҳои 2020 ва 2021 ба далели пандемияи коронавирус сафари Ҳаҷро барои зоирони хориҷӣ манъ карда буд, вале имсол ба тақрибан як миллион нафар зоири хориҷӣ иҷозати адои маносики Ҳаҷ дод. Аз ҷумла аз Тоҷикистон беш аз 3500 нафар иҷозати сафар ба Маккаву Мадина гирифтанд. Шуморе дигар аз зодагони Тоҷикистон, ки дар муҳоҷират қарор доранд, аз Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар ба сафари Ҳаҷ рафтанд. Се зоири тоҷик бо велосипед то Дубай ҳаракат карда, дар он ҷо аз мақомоти Саудӣ иҷозати сафари Ҳаҷро ба даст оварданд.

Баъди адои маросими асосии Ҳаҷи имсола сардухтури мавсими Ҳаҷ-2022 Тӯрахон Шарифзода, ки масъулияти нигоҳубин ва назорат бар вазъи саломатии зоирони тоҷикро бар дӯш дорад, хабар дод, ки дар ҷараёни адои маносики Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ имсол ду зоир аз Тоҷикистон дар водии Мино, дар канори Макка вафот кардаанд. Зоирон маъмулан дар рӯзи Иди Қурбон барои сангсори рамзии тимсоли Иблис дар водии Мино гирди ҳам меоянд.

“Мутаассифона, дар айёми будубоши зоирон дар Мино ду зоири тоҷикРасулов Муҳаммад, сокини 62-солаи ш. Исфара ва Тоҷиева Қизларгул, сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён вафот намуданд. Ҳарду зоири тоҷик бинобар сабаби сактаи дил даргузаштанд. Маросими ҷанозаи ҳарду марҳум дарМасҷидулҳарамбаргузор гардид”, – гуфта буд Тӯрахон Шарифзода дар мусоҳиба бо сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон Афшин Муқим.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button