Хабарҳои кӯтоҳ

5 НОБОЛИҒ, АЗ ҶУМЛА 2 ШАҲРВАНДИ ТУРКИЯ ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ ДАР ЛИФТ ДАРМОНДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 15 июли соли 2022, соати 19:45, ба қисми навбатдории ин ниҳод занг зада, хабар додаанд, ки 5 нафари ноболиғ, аз ҷумла 2 шаҳрванди Туркия дар лифти бинои №8 дар кхчаи Беҳзоди шарҳи Душанбе дармондаанд.

Ба ҷои ҳодиса гуруҳи наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанберо фиристодаанд.

 “Шом, ҳангоми бозгашт, наврасон ба лифт даромаанд, вале лифт ҳангоми ҳаракат аз кор мондааст. Онҳо беш аз як соат дар дохили лифт дармонда, кӯшиш кардаанд, ки ба хадамоти диспетчирӣ ва садамавӣ занг бизананд, вале касе ба кумакашон наомадааст”, – мегӯянд наҷотбахшон.

Наҷотбахшон дар байни 15 дақиқа дари лифтро бо кумаки таҷҳизоти гидравликӣ кушода, наврасонро берун баровардаанд. Онҳо аз кумаки тиббӣ даст кашидаанд.

Занги дуюм ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шабона, соати 22:25 омад. Як зани сокини Душанбе занг зада, хабар дод, ки дари хонааш дар кӯчаи Дӯстии халқҳоро кушода наметавонад. Маълум шуд, ки ин зан ҳамроҳи ду фразандаш ба берун ба сайругаршт баромадаанд, вале вақти бозгашт натавонистаанд дарро бикушоянд, чунки қуфли дар аз кор баромадааст.

Наҷотбахшон ба ҷои ҳодиса омада, бо истифода аз таҷҳизоти махсус қуфли ин дарро беосеб кушода додаанд.

Ҳодисаҳое назири фаромӯш шудани калид дар хона ва ё вайрон шудани қуфли дар зиёд иттифоқ меуфтанд. Аз  ин рӯ, КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад баъзе тавсияҳоро ба назар гиранд:  

– кӯдаконро ҳаргиз танҳо нагузоред, ҳатто агар шумо ҳамагӣ барои чанд дақиқа берун меравед.

– пеш аз он ки аз хона берун шавед, аввал бубинед, ки оё калидро бо худ гирифтаед ё на.

– вақте аз хона мебароед, ҳамеша дастгоҳҳои барқиро хомӯш кунед.  

Худ ва атрофиёнатонро эҳтиёт кунед! 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button