Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲодиса

ТОҶИКИСТОН ТО ИМРӮЗ БЕШ АЗ 15 МИЛЛИОН ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ГИРИФТААСТ

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Механизми COVAX аз аввали маъракаи  эмгузаронӣ бар зидди КОВИД-19 беш аз 15 миллиону 157 ҳазор воя ваксина ворид гардидааст. Дар бора рӯзи 10 июли соли 2022 хабаргузории “Ховар” бо такя ба маълумоти маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод. Барномаи COVAX аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва созмонҳои дигари хайрия бо мақсади таъмини дастрасии одилонаи кишварҳои дорою нодор ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис ёфтааст ва Тоҷикистон то кунун ваксинаҳои зидди коронавирусро тавассути ин созмон ба сурати ройгон дарёфт мекунад.

Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ, дар давоми шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон 1 млн 987 ҳазору 440 воя ваксинаи «Модерна», 897 390 воя ваксинаи «Пфайзер» ва 1  миллиону 2800 воя ваксинаи «АстраЗенека» ворид кардаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус барои наздики 6 миллион аҳолии синнашон аз 18 боло ҳатмӣ эълон шуда, аз моҳи январи соли 2022  эмгузаронӣ бо вояи 3-юми ваксинаҳои зидди сирояти КОВИД-19 дар байни аҳолӣ оғоз гардид. Вазорати тандурустӣ гуфт, то имрӯз вояи аввали ваксина ба  5 263 527 нафар (94,0%),   вояи дуюм ба   5 158 348 нафар (92,2%)  ва  вояи сеюм ба  4 104 007 нафар (73,3%)  аҳолии кишвар гузаронида шудаанд.

Қаблан профессори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Саидбек Сатторов ба “Ховар” гуфт, роҳи асосии пешгирии COVID-19 ваксинатсия мебошад. Пас аз 21 рӯзи вояи якуми  ваксина,  вояи дуюм ворид карда мешавад. Вақте ки бори  якум ваксина гузаронида мешавад,  бадан бо вирус «шинос» мегардад. Дар ҳолати такроран ваксина кардан дар организм якбора миқдори зиёди подтанҳо пайдо  шуда, масуният пурқувват мешавад. Ин масуният то 6 моҳ қобилияти мубориза бурдан бо бемориро дорад. Пас аз 6 моҳ масуният паст мегардад ва дар ин ҳолат зарурати гузаронидани реваксинатсия ба миён меояд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 июли соли 2021 ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ эълон шудааст. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксинаи зидди коронавирус ба шаҳрвандони Тоҷикистон ройгон гузаронида мешавад.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, аз 19 феврал ба ин тараф, инак қариб 5 моҳ боз дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави  навъи COVID-19 сабт нашудааст.  Бино ба омори расмии вазорат, аз оғози пандемия шумори умумии гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 17 ҳазору 388  нафар расида, 124 нафари онҳо, мутаассифона, фавтидаанд.  Мунтақидон мегӯянд, шумораи воқеии қурбониёни коронавирус назар ба арқоми расмӣ хеле бештар аст.  Вале онҳо низ эътироф мекунанд, ки дар ин авохир  дар бораи гирифтор шудани сокинон ба ин вирус тақрибан хабаре ба гӯш намерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button