ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ РАИСИ КҲФ КӮЛОБ БАЪДИ БАҲСИ ОБ ДАР САРИ ЗАМИНИ ПАХТА

Полковник Абубакр Саидзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб, баъди баҳс бар сари тақсими об ва боло рафтани фишораш, фавтидааст.

Мақомоти расмӣ ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Баъзе аз дӯстону ҳамкоронаш рӯзи 11-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ марги Абубакр Саидзодаро тасдиқ карданд, аммо дар ин бора тафсилот надоданд.

Вале манобеи Озодӣ гуфтаанд, ки Саидзода деҳқонӣ ҳам мекард ва дар зодгоҳаш, ноҳияи Данғара, замини пахта дошт. Ӯ рӯзи якшанбе, 10 июл дар онҷо будааст.

Пас аз нисфирӯзӣ дар сари замини пахтааш барои тақсими об бо шаш нафар баҳс кардааст. Фишори хунаш боло рафта, дар ҳамон ҷо аз по афтодааст,” – гуфтааст як ҳамсуҳбати Озодӣ дар минтақа.

Манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷанозаи Абубакр Саидзодаро рӯзи 11-уми июл дар ноҳияи Данғара ба хок супурдаанд.

Ҳанӯз маълум нест, онҳое, ки бо Абубакр Саидзода сари тақсими об вориди баҳс шудаанд, киҳо ҳастанд ва оё дар ин замина парванда боз шудааст ё не? Мақомот то кунун дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Сарҳанг (полковник) Абубакр Саидзода аз нимаи дуюми соли 2015 роҳбарии шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақа ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлобро бар уҳда дошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button