ВидеоТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳ

ПАДАРАШРО НАВ БА ҲАҶ ФИРИСТОДА БУД… МАРГИ ИФТИХОР ДАВРОНОВ ДАР ДАРУНИ ТСИСТЕРНАИ СӮЗИШВОРӢ

Санаи 10 июли соли 2022 дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар деҳаи Варзи Манори ноҳияи Айнӣ бародарон Ифтихор ва Зикруллоҳ Давроновҳо  ҳангоми тоза намудани зарф ё тсистернаи бензингирии 20-тоннагь аз сабаби нарасидани ҳаво аз ҳуш  рафтаанд. Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш Ифтихор Давронов, соли таваллудаш 1987 дар беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ аз олам  чашм пӯшидааст. Бародари ӯ Зикруллоҳ ҳоло дар бемористон таҳти табобат қарор дорад

Як манбаъ аз ноҳияи Айнӣ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, бародарон  Давроновҳо солҳо боз дар ин ноҳия ба тиҷорати сӯзишворӣ сару кор доштанд ваз соҳибкорони муваффақ ба шумор мерафтанд.

Соли ҷорӣ Ифтихор ва Зикруллоҳ падарашонро барои адои маносики Ҳаҷ ба зиёрати хонаи Худо равон карда буданд. Ин фоҷиа замоне рух дод, ки падари онҳо ҳанӯз дар Макка қарор дорад. Бозгашти зоирони тоҷик аз Арабистони Саудӣ рӯзҳои наздик оғоз меёбад.

Ин ҳодисаи нохуш нимаи дуюми рӯзи якшанбе, 10 июл рух додааст.  Ба гуфтаи шоҳидон, бародарон Ифтихор ва Зикруллоҳ мехостанд зарфи сӯзишвориро тоза намуд, сипас аз нав пур намоянд, вале  ҳангоми тоза кардани тсистерна ба иллати нарасидани ҳаво ҳарду аз ҳуш рафтаанд. Дигар аз ин бохабар шуда, Ифтихор ва Зикруллоҳро аз даруни тсистерна берун кашидаанд ва оҷилан ба бемористон бурдаанд. Вале табибон нататвонистанд, ки

Ифтихорро аз чанги марг наҷот бидиҳанд. Ӯ ҳамагӣ 35 сол дошт.

Вазъи саломатии Зикруллоҳ Давронов миёна арзёбӣ мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button