ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ВИДЕО: РАФТОРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ НИСБАТ БА ЯК МУҲОҶИР ДАР ПУЛИСИ ВОРОНЕЖ

Ҳангоми таҳияи патент, як корманди бахши муҳоҷират (ОВМ) дар пулиси шаҳри Воронежи Русия як муҳоҷири тоҷикро латтукӯб карда, ӯро тела дод. Ин лаҳзаи бадрафторӣ нисбат ба муҳоҷир ба дурбини видео афтода, дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет  бо суръат паҳн мешавад.

Дар видео дида мешавад, ки корманди пулис ҳангоми гирифтани изи ангушт ва акси як муҳоҷири ҷавоне, ки риши кӯтоҳи сиёҳ дорад, чанд бор ӯро бо дасташ мезанад, тела медиҳад ва бо ҳар роҳу восита шаъну шарафи ӯро поймол мекунад.

https://youtube.com/shorts/oNqe1haii6U

Ин видео мавҷи вокунишҳои манфиро дар миёни муҳоҷирон ва сокинони кишварҳои муҳоҷирфиресте, чун Тоҷикистону Ӯзбекистон, ба бор овардааст.

Баҳром Исмоилов, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар вокуниш ба ин видео навишт: “Корманд бояд аз кор барканор гардида, роҳбаронаш бояд шахсан аз муҳоҷири корӣ узр бипурсанд”.

Муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои  СНГ, аз ҷумла муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, бояд пеш аз сабти ном ва шурӯи фаъолияти корӣ дар Русия асноди зиёдеро ҷамъ оварда, аз мароҳили зиёди ҳуҷҷатгузорӣ гузаранд. Онҳо дар баробари супурдани имтиҳони забони русӣ ва ташхиси тиббӣ бояд ҳамчунин дар пулис изии ангушт низ бисупоранд.

Бино ба охирин омори мақомоти Русия, дар 5 моҳи аввали соли 2022 ба ин кишвар аз хориҷ беш аз 6 миллион муҳоҷири корӣ ворид шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button