ТоҷикистонҲуқуқи инсон

АЙБНОМАИ ДОДРАС САИДАҲМАДЗОДА: АЗ ДОДАНИ МАЪЛУМОТ БА РАДИОИ ОЗОДӢ ТО “ҲОМИЛА” КАРДАНИ КОТИБААШ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 июл ду судя ё додрасро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод кард. Бо чунин далели ҷиддӣ Ҷамшед Носирӣ аз мақоми додраси додгоҳи иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Рустам Саидаҳмадзода аз мақоми додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шуданд.

Мақомот расман дар бораи ин ду қазия ҷузъиёте то ҳол надодаанд.

Дар бораи мушаххасан ба чӣ айбдор шудани Ҷамшед Носирӣ маълумоте ҳанӯз дастрас нест, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, Рустам Саидаҳмадзода  рӯзи 29 июн дар Душанбе боздошт ва барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ,  Рустам Саидаҳмадзода ба “додани хабари дурӯғ” ва “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” гумонбар медонанд. Манобеи огоҳ аз парванда мегӯянд, ки ӯ гӯё матни як ҳукми содиркардаашро барои нашр ба Радиои Озодӣ додааст.

Рустам Саидаҳмадзода, ки қаблан дар додгоҳи Шаҳристон ва аз соли 2017 дар додгоҳи Б.Ғафуров ба ҳайси додрас кор мекард, ин иттиҳомро рад карда, гуфтааст, ки бегуноҳии худро дар ҷараёни тафтишот собит мекунад.

Иттиҳоми “додани хабари дурӯғ” марбут ба як парвандаи як сол пеш аст, ки Саидаҳмадзода бар хилофи анъанаи роиҷ дар низоми додгоҳии Тоҷикистон дар он парванда нафари муттаҳамро сафед кард. Ин парванда марбут ба баҳси сокини ноҳияи Б.Ғафуров  Афзал Маҷидӣ бо ширкати фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ буд. Қазия аз он оғоз шуд, ки аввали соли 2021 додситонии нақлиёт Афзал Маҷидиро ба “қаллобӣ” айбдор кард. Ӯро гуфтанд, ки ҳангоми хариди билети ҳавопаймоии сафар аз Дубай ба Душанбе, рафтори хилофи қонун кардааст. Замоне, ки Маҷидӣ дар Дубай қарор дошт, аз корманди ширкати “Агентии алоқаи ҳавоӣ” дар Душанбе дархост кардааст, ки муҳлати билети ӯро тамдид кунад, аммо ин корманд ба ҷои иваз, билети ӯро комилан нав мекунад ва аз ӯ мехоҳад, пули онро пардохт кунад.

Ба гуфтаи Маҷидӣ, баҳси ӯ бо билетфурӯш ин буд, ки набояд ба ӯ билети нав медод, балки танҳо санаи билеташро иваз мекард. Моҳи феврали соли 2021 вақте Маҷидӣ аз шаҳри Дубай баргашт, мақомот ӯро дар фурудгоҳ боздошт карда, ба қаллобӣ айбдор намуданд.​ Додситонӣ ин парвандаро ба додгоҳ супурд, вале Рустам Саидаҳмадзода  ҳукм баровард, ки Афзал Маҷидӣ “бинобар дар кирдораш мавҷуд набудани аломати таркиби ҷиноят, сафед карда шавад”.

Барои чунин ҳукми сафеди дар таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон ангуштшумор  Саидаҳмадзодаро ҷазои интизомӣ доданд ва ба гуфтаи наздиконаш, баъди он дар додгоҳ ба вай ягон парвандаро бовар намекарданд, чунки метарсидаанд, ки “боз расво мекунад”. Худи Саидаҳмадзода чандин бор ба дӯстонаш шикоят кардааст, ки “ҳар рӯз ба ҷои кор меояму аз субҳ то бегоҳ ғайри мутолиаи китоб кори дигаре надорам. Мисли “зоғи сафед” шудаам дар байни додрасҳо. Дигар ягон парвандаро барои баррасӣ ба ман намедиҳанд…”

Баробар бо ин додрас котибаи ӯ  Азиза Ҳайдароваро низ бо иттиҳоми қаллобӣ ба ҳабс гирифтаанд. Худи ӯ ба модараш Барно Ҳайдарова гуфтааст, ки мақомот мехоҳанд бо чунин фишорҳо вайро ба баёнот додан ба зидди Саидаҳмадзода водор кунанд.

Иттиҳоми қаллобӣ марбут ба як хонаест, ки Барно Ҳайдарова бо пули дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аз як нафар ҷамъовардааш харидааст, вале соҳиби аввали хона иддао кардааст, ки гӯё он нафари дуюм ӯро фиреб дода, ин хонаро ба шахси сеюм, яъне ба Ҳайдарова фурӯхтааст. Азиза Ҳайдарова қабл аз боздошташ гуфта буд, ки онҳо дар ин муомила харидори поквиҷдон буда, ҳеҷ гуноҳе надоранд ва ӯ тамоми талошашро хоҳад кард, то ки ин манзилеро, ки модараш бо пулҳои бо азоб дар Русия коркардааш харидааст, аз дасти модараш нагиранд.

Барно Ҳайдарова рӯзи 6 июл ба  Радиои Озодӣ гуфт, мақомот дар роҳи фишор ба духтараш аз ҳар васила истифода мебаранд. Аз ҷумла муфаттишон ба ӯ гуфтаанд, ки Азиза Ҳайдарова бо Рустам Саидаҳмадзода муносибатҳои маҳрамона дошт ва аз вай “ҳомила шудааст”.  Агар котиба инро эътироф кунаду  ба зидди додрас Саидаҳмадзода баёнот диҳад, чунин баёнот ба тафтишот имкон медод, ки Саидаҳмадзодаро ба дузанагӣ ҳам айбдор кунанд.

Барно Ҳайдарова гуфт, вақте бо духтараш дар боздоштгоҳ вохӯрд ва дар ин бора пурсид, Азиза гуфтааст, ки “мақомот кино бозӣ карда истодаанд”.

“Рафта, духтарамро дидам. Хароб шудааст. Гуфт, очаҷон, Шумо ба гапи кӣ бовар кардед? Гуфт, инҳо кинобозӣ доранд. На шикамаш ҳаст, на чизи дигар. Қариб маро кушта буданд бо ин туҳматҳо. Мегӯяд, аз пушти раисам маро оварданд, чизеро намедонам. Ҳоло хонаро баҳона карда истодаанд. Худаш ҳаминро гуфт,” — нақл кардааст Барно Ҳайдарова.

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи судяи Суди иқтисодии
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Носирӣ Ҷамшед

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Носирӣ Ҷамшед бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
6 июли соли 2022
№409

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи судяи суди
ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
озод намудани Сайдаҳмадзода Р.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сайдаҳмадзода Рустам Сайдаҳмад бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
6 июли соли 2022
№410

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button