Хабарҳои кӯтоҳ

ХОНАРО БА КАСИ ДИГАР ФУРӮХТУ ПУЛАШРО БА СОҲИБИ ХОНА НАДОД…

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати қаллобӣ ҳангоми харидуфурӯши хонаҳо дар Душанбе хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 50-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.

Номбурда, моҳи декабри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 53-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Зарафшонро ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад. Аммо зан хонаи мазкурро ба дигар шахс фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст”,  -гуфта мешавад дар хабар.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ ҳангоми хариду фурӯши хонаҳо дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Ба ин зан бар асоси моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои қаллобӣ ба маблағи бузург ҳукми зиндон ваё (дар сурати ҷуброни зарар) ҷарима таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button