ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ КӮДАКИ ДАҲСОЛА ДАР ДУ САДАМА ДАР ГУЛОБОД ВА ХОҶАҒАЛТОН

ВКД Тоҷикистон аз марги ду кӯдак дар ду садамаи алоҳида дар ҷануби ин кишвар хабар дод.

Шаби 3-юми июли соли 2022, тахминан соати 00:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Нозимов Маҳмадулло Маҳмадраҷабович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Ҳамадонӣ, дар роҳи калони мошингарди деҳаи Гулобод, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ноболиғ Мирзоев Абдурауф Муслиҳиддинович, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол Мирзоев А.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҳалокат расидаат.
Ҳамон рӯзи 3-юми июл, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳимбеков Фариддун Азизбекович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ, дар роҳи мошингарди, деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Ш.Шоҳин (собиқ Шӯрообод), аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ноболиғ Насриддинов Абӯбакр Қудбиддинович, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол Насриддинов А.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ҷумҳурӣ 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир ҳангоми рондани мошин истифода бурдани телефонҳои мобил ба як сабаби дигари умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button