Хабарҳои кӯтоҳ
СОКИНИ ТУРСУНЗОДАРО БА МАБЛАҒИ 695 ҲАЗОР СОМОНӢ ФИРЕБ ДОДААНД

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 33-солаи сокини шаҳри Турсунзода, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои ВКД, номбурда аз моҳи феврал то моҳи марти соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ таҷҳизотҳои техникиро ба маблағи 695 ҳазор сомонӣ гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.