ВидеоҲуқуқи инсон

МОҶАРОИ ЛАТТУКӮБИ ЯК ЗАНИ СОЛХӮРДА ДАР ШУЪБАИ МИЛИТСИЯИ НОҲИЯИ СПИТАМЕН (ВИДЕО)

Элобот Оғалиқова, сокини 59-солаи кӯчаи Сомониёни шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мегӯяд, субҳи 27 июни соли 2022  вай мехост дар консерти идонае, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия ба муносибати Рӯзи ваҳдат доир мешуд, иштирок кунад, вале кормандони милитсия ӯро гӯё барои либоси сиёҳ дар тан доштанаш ба толор роҳ надодаанд ва ба шуъбаи милитсия бурда,  онҷо 7 соат нигоҳ доштаанд ва латтукӯб ҳам кардаанд. Кормандони милитсия дар шарҳи ин амали худ гуфтаанд, ки Элобот Оғалиқова мехост ба раиси ноҳияи Спитамен, ки низ мебоист дар он консерт ҳузур медошт, дар мавриди масъалаи қитъаи замин арзи худро бирасонад ва ӯро ба ҳамин сабаб ба толор роҳ надоданд.

Дар ҳар сурат, вақте ки Элобот Оғалиқоваро аз милитсия ҷавоб доданд, вай мкстақиман ба телефони боварии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода шикоят карда, сипас  рост ба шуъбаи осебшиносии бемористони ноҳияи Спитамен муроҷиат кардааст. Вале табиб Наимҷон Бобоев баъди шунидани инки қазия ба кормандони милится рабт дорад, аз бистарӣ кардани Оғалиқова даст кашидаааст. Ӯ дар маълумотномааш ҳам менависад, ки варами дар бозуи чапи бемор мушоҳидашуда гӯё … кӯҳна буда, ба латтукӯби ӯ дар рӯзи 27 июн “аз ҷониби шахси маълум” ягон рабт надорад.

Вақте ки писари Элобот Оғалиқова Абдусаттор Қобилов ба ин санади навиштаи табиб эътироз мекунад, ки чаро ҳақиқатро наменависад?, Наимҷон Бобоев ӯро дашномҳои қабеҳ дода, таҳдид мекунад ва аз ҳуҷраи кориаш бароварда пеш мекунад. Ин лаҳзаи онҳоро дашном додан ва бо таҳдид пеш кардани Бобоевро наздикони Оғалиқова дар видео сабт кардаанд.

Эксперти тиббию судии ноҳияи Спитамен Ҳумоюн Қӯшмуродов низ баъди онки ба милитсия занг зада, хабардор шудааст, ки Оғалиқова аз бадрафтории кормандони милитсия шикоят дорад, аввал аз анҷом додани экспертизаи ӯ саркашӣ мекунад, вале вақте ки наздикони Оғалиқова пойфишорӣ мекунанд, чунин хулоса медиҳад, ки осебҳои бардоштани Оғалиқова … хеле сабук буда, зарар ба саломатӣ маҳсуб намешаванд. Эксперт ҳам дар мавриди варами бозуи Оғалиқова чунин хулоса додааст, ки он гӯё кӯҳна буда, ба қазияи рӯзи 27 июн рабт надорад.

Вақте ки ин моҷаро расонаӣ шуд, кормандони милитсияи Спитамен ба фишороварӣ ба Оғалиқова ва наздикони ӯ сар карда, ба зидди писари ӯ Абдусаттор Қобилов бар асоси моддаи 460 бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Онҳо ҳамин тавр, ин оиларо маҷбур мекунанд, ки видеоҳои нашршударо аз Интернет пок карда, ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ занг зада, шикояти худро пас бигиранд ва бигӯянд, ки айби худи мо шуда буд ва ягон даъво надорем. Дар иваз, кормандони милитсия ба Оғалиқова ва писараш ваъда додаанд, ки барои майдаавбошӣ ягон ҷаримаашон мебанданд, ки худи кормандони милитсия онро месупоранд ва бо ҳамин қазия тамом. Кормандони милитсияи Спитамен ба Оғалиқова ҳатто матни баёноташро ҳам худашон навишта, барои имзо додаанд, ки тибқи он, гӯё Оғалиқова  рӯзи 24 июн бо писараш Абдусаттор Қобилов ҷанҷол карда, рӯзи 27 июн ба Қасри фарҳанг барои он омад, ки “аз фурсати муносиб истифода бурда”, аз раиси ноҳия қитъаи замин дархост кунад ва аз писараш ҷудо зиндагӣ кунад.

Вале Элобот Оғалиқова ба ин тан надод ва ба додгоҳи вилояти Суғд шикоят навишта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Спитаменро ба қасдгирӣ ва парвандабофӣ айбдор кардааст. Онҳо ҳамин тавр, аз табиб Наимҷон Бобоев талаб доранд, ки барои дашномҳои додааш аз узр бипурсад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button