ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ТӮТИЁ АМИРШОЕВ БА ҲАШТУНИМ СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Тӯтиё Амиршоев – писархолаи Тӯтишо Амиршоев, ки моҳи ноябри соли 2021 дар ҷараёни эътирозҳои Хоруғ кушта шуд, ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора рӯзи 26 июни соли 2022 журналист Анора Саркорова хабар дод.

Бино ба иттилои ӯ, мурофиаи Тутиё Амиршоеви 31-сола дар Душанбе пушти дарҳои баста доир шудааст. “Бино ба маълумоти манобеи огоҳ, Тутиё Амиршоевро алакай ба маҳбаси низомаш сангини шаҳри Хуҷанд – маркази вилояти Суғд фиристодаанд”, – хабар дод Саркорова.

Дар бораи ин ки Тутиё Амиршоев бар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноятӣ маҳкум шудааст?, маълумоте дастрас нест.

Тӯтиё Амиршоев – сокини деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъа рӯзи 5 март дар фурудгоҳи Душанбе вақте дастгир шуд, ки ба Маскав парвоз мекард. Ӯ муҳоҷири корӣ буд ва чанд сол боз дар Маскав кору зиндагӣ мекард. Тӯтиё Амиршоев дар поёни моҳи ноябри соли 2021 ҳамроҳи холааш – модари Тӯтишо Амиршоев  барои баргузории маросими мотами писари холааш  ба Тоҷикистон баргашт. Тӯтишо Амиршоев, ки ҳамагӣ 23 сол дошт,  рӯзи 25 ноябри соли 2021 ҳамроҳи сокини Хоруғ Гулназар Мародбеков ҳангоми саркӯби эътирозҳои Хоруғ, ки дар пайи куштори сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа  Гулбиддин Зиёбеков оғоз ёфтанд, кушта шуданд.

Тӯтиё Амиршоев дар он эътирозҳо иштирок надошт, чунки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button