Номаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

БОЗПУРСИИ ЭМОМАЛӢ САЙИДЗОД, КОРМАНДИ “АЗИЯ ПЛЮС” ВА ДӮСТИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ

Муфаттиши додситонии ноҳияи Шоҳмансур Эмомалӣ Сайидзод, корманди хабаргузории “Азия-Плюс” ва аз дӯстони наздики Абдуллоҳ Ғурбатиро чанд соат бозпурсӣ кардаанд.

Мақомот то ҳол мавзуъро шарҳ надодаанд. Ҳамкорони Эмомалӣ Сайидзод гуфтаанд, бозпурсии ин рӯзноманигор бегоҳи 24-уми июни соли 2022 сурат гирифтааст.

Ду масъули хабаргузории “Азия-Плюс” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бегоҳи 24-уми июн чанд корманди додситонии ноҳияи Шоҳмансур ба дафтари кории хабаргузорӣ омада ,Эмомалӣ Сайидзодро суроғ карданд.

“Эмомалӣ дар дафтари корӣ набуд. Ба ӯ занг зада гуфтанд, ки бояд ҳозир шавад. Кормандони додситонӣ як соат зиёд бо Эмомалӣ дар дафтари корӣ суҳбат карданд. Баъд гуфтанд, ки барои пур кардани баъзе протоколҳо бояд бо онҳо ба додситонӣ равад”, – афзудаанд ҳамсуҳбатони Озодӣ.

Дар хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтанд, бозпурсии Эмомалӣ Сайидзод дар бинои додситонӣ се соат давом кард ва ӯро соати 11-и шаб ҷавоб доданд. Худи Эмомалӣ Сайидзод баъди берун шудан аз бозпурсӣ аз суҳбат худдорӣ кардааст. Ҳамкоронаш гуфтанд, дар додситонӣ аз ӯ баёнот гирифтаанд, то ҷузъиёти бозпурсиро ошкор накунад. Ҳамчунин телефони Эмомалӣ Сайидзодро санад карда гирифтаанд ва ваъда додаанд ки онро бармегардонанд.

Эмомалӣ Саийдзод ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Эмомалӣ Сайидзод 24 сол дорад ва барои “Азия-Плюс” гузоришҳои видеоӣ омода мекунад. Сайидзод яке аз дӯстони наздики рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ буда, баъди боздошти Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳарорат аз ин ду ҳамкори худ ҳимоят ва озодии беқайдушарти онҳоо талаб мекард.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ рӯзи 15 июни соли 2022 дар пайи баҳсашон бо додситони ноҳияи Шоҳмансур Парвиз Ашӯриён, ки писари вазири адлия Музаффар Ашӯриён ва домоди раиси Додгоҳи олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён будааст, дастгир шуданд ва рӯзи 18 июн бо қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур барои 2 моҳ ба ҳабс гирифта шуданд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳамла ба корманди милитсияи ноҳияи Шоҳмансур айбдор мешавад. Худи ӯ ин иттиҳомро бофта меномад ва шадидан рад мекунад.

Далер Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, паҳн кардани хабари бардурӯғ ва ба ҳамкорӣ ба созмонҳои мамнӯъ айбдор мешавад ва мақомот ба далели иттиҳоми ахир ба парвандаи ӯ муҳри махфӣ задаанд. ҲНИТ ва “Гуруҳи 24”, ду созмони фаъолияташон феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ, бо онҳо ягон навъ ҳамкорӣ доштани ин журналистро  рад кардаанд.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Хабарнигорони бидуни марз” ва Ҳюман Райтс Вотч ҳабси Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалиро ба фаъолияти касбии онҳо рабт дода, аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии билофосилаи ҳардуро талаб кардаанд.

Дар ҷомиаи Тоҷикистон низ ҳабси ин ду хабарнигори ошкоргӯ мавҷи вокунишҳои асосан манфиро ба бор овард. Бисёриҳо инро намефаҳманд, ки чаро ҳукумат ба хотири уқдаҳо ва ғаризаҳои як додситони кӯтоҳандеш обрӯи худро дар сатҳи байналмилалӣ зери суол мегузорад? Ҳатто агар ин додситон писари вазиру домоди раиси Додгоҳи олӣ ҳам бошад?

Додситони ноҳияи Шоҳмансур

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button