ВидеоМуҳоҷирон

КӮДАКИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД ҒАРҚ ШУДААСТ

Як кӯдаки якунимсолаи муҳоҷирони тоҷик ҳангоми оббозӣ дар як дарёча дар вилояти Ленингради Русия ғарқ шудааст. Додситонии вилояти Ленинград  хабар дод, ки ин ҳодисаи нохуш шоми 21 июн дар дарёфи Вибенка дар деҳаи Вибеи ноҳияи Кингисепп рӯй додааст. Ин деҳа дар 165-километрии ҷанубушарқи шаҳри Санкт-Петербург, дар наздикии соҳили баҳри Балтика ҷойгир шудааст.

Нашрияи маҳаллии Gazeta.SPb хабар дод,  шоми 21 июн, тахминан соати 20:00, кӯдак ба сабаби дур мондан аз мадди таваҷҷуҳи волидон ба об афтодааст.  Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беназоратии падару модарро сабаби рӯй додани ин ҳодисаи нохуш номидаанд.

Ба пулис худи падари кӯдак хабар додааст. Кормандони пулис вақте ба ҷои ҳодиса расиданд, тифл алакай ҷон дода буд.

Муайян кардаанд, ки кӯдак Умар ном дошта, дар як оилаи серфарзанд аз Тоҷикистон зиндагӣ мекард. Ин оила ҳеҷ мушкиле бо асноди будубоши худ надорад. Модари кӯдакон хонашин буда, падарашон ба ҳайси кафшергар (сварщик) кор мекардааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин қазия таҳқиқ доранд ва масъалаи кушодан ё накушодани парванда дар робита ба марги ин кӯдак дар дасти баррасист.

Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун, асосан бар асари ҳодисаҳои нохуш, то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла даҳҳо кӯдак мегиранд.

Чанд рӯз пеш ҳамсари як муҳоҷири тоҷикро дар Новосибирск барои марги кӯдаки якунимсолааш ба 8 моҳи зиндон маҳкум карданд.  Гуфта мешуд, ки ин зан ваннаро аз об пур карда, кӯдакашро дар даруни об мондааст ва як муддат барои назорати ду фарзанди дигараш ба хонаи дигар рафтааст. Вақте зан ба ванна бармегардад, мебинад, ки кӯдакаш зери об монда, нафасгир шудааст. Табибон 6 рӯз талош карданд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд, вале бенатиҷа.

Додситонӣ гуфт, падари тифли ғӯрамарг аз гуноҳи ҳамсараш гузаҳт, вале додгоҳ ӯро ба 8 моҳи маҳдудият аз озодӣ маҳкум кард.

Аксҳо аз додситонии вилояти Ленинград

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button