ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ БОЗ ДУ КӮДАКИ ХУРДСОЛ ДАР ДУ САДАМА ДАР ГАНҶОБОД ВА ҒОЗИЁН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 21 июни соли 2022 хабар дод, ки рӯзҳои 19 ва 20 июн дар ду садама дар шаҳраки Ганҷобод дар канори Ваҳдат ва дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров ду кӯдаки яке ҳафтсола ва дуюмӣ дусола ба ҳалокат расидаанд.

19-уми июни соли 2022, тахминан соати 11.50, ронандаи мошини тамғаи «Тойота”, Аҳроров Раҳматулло Аҳрорович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе, дар роҳи мошингарди шаҳраки Ганҷобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Саидова Ясмина Ҷамшедовна, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти Роҳатиро пахш намудааст. Дар натиҷа, кӯдак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, 20-уми июни соли 2022, тахминан соати 15:55, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс Спринтер», Ҷамилов Абдураҳим Абдумаҷидович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Ғозиён бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан хурдсол, Фармони Фариддунзода, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, тифли хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВКД Тоҷикистон  як рӯз қабл хабар дода буд, ки 18-уми июни соли 2022, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «ЗИЛ ММ-4502», Бобоҷонзода Муҳамаддовуди Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди хӯрдсол, Бурҳонзода Нозия Раҷабалӣ, соли таваллудаш 2019, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол, Бурҳонзода Н.Р. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ҷумҳурӣ 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Даҳҳо нафар аз қурбониёни садамаҳоро дар роҳҳои Тоҷикистон ноболиғон ташкил медиҳанд.

 Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир ҳангоми рондани мошин истифода бурдани телефонҳои мобил аз ҷониби ронандагон ба як сабаби дигари умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button