ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

Ӯ ДИГАР И.В. НЕСТ. АЛИШЕР МИРЗОНАБОТ РАИСИ КОМИЛҲУҚУҚИ БАДАХШОН ТАЪЙИН ШУД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 июни соли 2022 генерал-майор Мирзонабот Алишер Худобердиро раиси комилҳуқуқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин кард. Ин фармон ҳанӯз дар сомонаи расмии президент ва дигар сомонаҳои расмии ҳукумати Тоҷикистон нашр нашудааст. Алишер Мирзонабот, ки 5 ноябри соли 2021 ба ҷои раиси дар байни мардум маҳбуби Бадахшон Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят таъйин шуд ва инак 7,5 моҳ боз ҳамчун “и.в.” бар ин вилояти мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистон раҳбарӣ мекард.

Алишер Мирзонабот соли 1980 дар ноҳияи Рӯшон ба дунё омада, соли 2003 Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1997 то 2000 ва баъди хатми донишкада, аз соли 2003 то 2017 дар саффи Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон хидмат карда, моҳи сентябри соли 2017 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии  Тоҷикистон ва дуруст як сол баъд, дар сентябри соли 2018 муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд. Алишер Мирзонаботов сипас моҳи ноябри соли 2020 шаҳрдори Хоруғ таъйин шуд ва 5 ноябри соли 2021 и.в. раиси вилоят таъйин шуд.

Тақрибан баробари раиси Бадахшон таъйин шудани Алишер Мирзонабот ин вилоятро мавҷи эътирозҳо фаро гирифт. Дар эътирозҳои рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 дар Бадахшон 3 нафар ба ҳалокат расида, моҳи майи соли 2022 ҳангоми саркӯби эътирозҳо дар ин вилоят беш аз 40 нафар (ба эътирофи мақомот, 16 нафар) ба ҳалокат расиданд.

17 июн Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Бадахшон аз комилан қатъ шудани фаъолияти ҳамаи 12 лидери ғайрирасмии ин минтақа хабар дод. Дастикам се нафари ин лидерҳо кушта шуда, боқимондааш ҳамроҳ бо беш аз 220 нафар аз тарафдоронашон боздошт шуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯз 18 июни соли 2022, дар ҷараёни машварати корӣ бо роҳбарони фаъолони вилояти Хатлон бори аввал дар бораи ҳаводиси ахири хунини Бадахшон ихҳори назар кард ва эътироф кард, ки баъди роҳи байналмилалиро бастани издиҳом,  ӯ худаш ба мақомоти қудратӣ фармон додааст, ки яроқбадастонро безарар ё дастгир кунанд. Ӯ гуфт, лаҷоми лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро ахиран “хоҷагони хориҷӣ” ба дасти худ гирифта, онҳоро 26 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карданд. “Ҳамон ҳизби террористии наҳзати ислом! Ва хоҷагонаш”  гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Оппозитсияи тоҷик қаблан даст доштанаш дар ташкилу раҳбарӣ ё маблағгузории эътирозҳои Бадахшонро рад карда буд

Дар ин ҷаласа дар ноҳияи Данғара Алишер Мирзонабот низ иштирок дошт. Зоҳиран, маҳз дар ҳамин ҷо  тасмими раиси комилҳуқуқи Бадахшон таъйин кардани Алишер Мирзонабот ниҳоӣ шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ruze meshavad ki Kholbash wori terrroristu extermistut nom kada baroi saghoshon gushtatro luqma luqma medihand. Bidon ki in vazifau johu mol duruz hast ammo odam budan nishoni Odamist. nishoni odamiyat dar rohbaroni mo namondast diy

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button