ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

СИТОД АЗ ҚАТЪИ ПУРРАИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАМАИ 12 ЛИДЕРИ ҒАЙРИРАСМИИ БАДАХШОН ҲИСОБОТ ДОД

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман эълон кард, ки фаъолияти лидерҳои ғайрирасмӣ дар ин минтақа “ба пуррагӣ қатъ карда шуд” ва ҳамаи 12 лидери ғайрирасмии Бадахшон, ки ситоди байниидоравӣ онҳоро “12 саркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша” ном мебарад, “дастгир, аз озодӣ маҳрум  ва  роҳбарони гурӯҳҳои оштинопазир, ки муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, нобуд карда шуданд”.

Бино ба иттилои расмии ситод, дар рафти амалиёти махсус дар Рӯшону Хоруғ дар умум 220 нафар боздошт, нисбат ба 53 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва 16 нафар, ки муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, нобуд карда шуданд.

Ва аммо манобеи дигар мегӯянд, танҳо дар Рӯшон рӯзи 18 май беш аз 40 нафар кушта шудаанд. Сокинон мегӯянд,  мақомот ба зидди эътирозгарони бесилоҳ аз силоҳҳои ҷангӣ истифода бурданд.

Вале ситоди байниидоравӣ исрор меварзад, ки дар Бадахшон дар танҳо дар як моҳи охир аз даҳ гурӯҳи ҷиноятӣ-террористии вилоят 16 адад пулемёти “Калашников”, 114 адад автомати “Калашников”, 4 адад силоҳи мерганӣ (СВД), 28 адад таппончаи тамғаи «Макаров», 1 адад таппончаи «ТТ», 2 адад тапончаи травматикӣ, 9 адад гранатомёт, 101 адад тири гранатомёт бо 6 адад заряд, 4 адад заряди РПГ, 22 адад гулулаи «ГРАД”, 2 адад миномёт, 19 адад гулулаи миномёт, 2 адад гулулаи гранатомёти зиддитанкӣ, 88 адад норинчаки дастӣ, 46 адад запали норинҷак, 2 адад “Карабин”, 64 адад силоҳи шикорӣ, 12 адад тарконаки барқӣ, 200 килограм таҷҳизоти тарканда, 22 ҳазору 718 адад тири гуногунқутр, 1 адад лентаи пулемёти “Калашников”, 1 адад тири ДШК, 330 адад тирдони АК ва таппонча, 5 кг 420  гр маводи таркандаи амонал, 2 адад сарпуши қути мили автомат, 5 адад дасгоҳи баркдиҳанда, 159 адад тири ВОГ-25, 15 адад найзакорд, 11 адад пенал, 12 дона минаи зиддипиёдагард, 29 кг хокаи алюминӣ барои омода намудани маводи тарканда, 11 кг 635 грамм тратил, 11 ҳазору 221 дона патрони гуногунқутр, 1 адад дастгоҳи оптикии банишонгириии тамғаи «Combat», 3 адад дастгоҳи дурбини тамғаи «Olympus» ва «Newcon», 245 адад маводи таркандаи худсохти “Коктейли Молотова”, 29 адад мухобира, 13 адад заряддиҳандаи алоқаи ратсия, 16 адад батареяи алоқаи мухобира, 11 адад радиостансия, 12 адад телефони моҳворавии «Сурайё», 2 адад қутии оҳанини «ПК», 12 адад ҷузвдони ҳарбӣ, 4 адад ҷузвдони снаряд, 21 адад камзӯли ҳарбӣ, 1 адад пояи Бусол, 200 кг маводи мухаддири навъи «афюни афғонӣ» мусодира карда шуд.

Ситод гуфт, дар идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ пойгоҳи ҷиноятӣ-молиявии  гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии Бадахшон низ пурра аз байн бурда шуда, аз аъзо ва саркардагони ин гуруҳҳо 39 воситаи нақлиёти гуногунтамғаи “Нисан”, “Лексус”, “Рейнҷ Ровер”, “Тойота Кемри”, “Мерседес”, “БМВ” ва дигар мошинҳои гаронарзиши сабукрав ва боркаш мусодира карда шуд.

Вале бархе сокинони Бадахшон мегӯянд, агар  ин гуруҳҳо ин қадар силоҳ медоштанд, дар байни ҳамагӣ чанд рӯз аз байн бурдани онҳо имкон надошт ва онҳо метавонистанд муддати зиёд, ҳатто чандин моҳ муқовимат нишон диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button