ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

КУШТОРИ ЯК ЗАНИ 55-СОЛА ДАР ДАРАИ ИСКАНДАРКӮЛИ НОҲИЯИ АЙНӢ

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, рӯзи 14 июни соли 2022 дар ҷараёни як муноқиша дар деҳаи кӯҳистонии Саратоқ дар дараи Искандаркӯли ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ як зани 55-сола бо номи Р., к и соҳиби 3 фарзанд буд, кушта шудааст. Бо иттиҳоми даст доштан дар куштори ин зан кормандони милитсия худи ҳамон рӯз қудои собиқи ӯ А. -ро дастгир  карда, ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Айнӣ овардаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, писари ин зан чанд сол пеш аз духтари А. ҷудо шудааст ва баъди он байни ин ду авлод хусумат пайдо шуда буд.

Маълум нест, сабаби муноқишаи навбатӣ, ки субҳи барвақти 14 июн, тахриран соатҳои аз 5 то 6 рух додааст, чӣ буд? Вале А. ба сари зан корд кашида, ӯро 3 зарба задааст. Сокинони деҳа зани ҷисмаш хуншорро ба бемористон бурдаанд, вале ӯ дар роҳ ҷон додааст.

Ҷанозаи занро рӯзи 15 июн, баъди анҷоми ҳама ташхисҳои лозими тиббию додгоҳӣ ба хок супурданд.

Ба А. барои ин куштор то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button