ВидеоМуҳоҷирон

ДЕПОРТАТСИЯИ 19 МУҲОҶИР, АЗ ҶУМЛА 11 ТОҶИК АЗ ВИЛОЯТИ КАЛУГАИ РУСИЯ

Хадамоти матбуоти раёсати приставҳои вилояти Калугаи Русия рӯзи 10 июни соли 2022 хабар дод, ки тайи танҳо як ҳафтаи охир ва танҳо аз ин вилояти Русия 19 муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро маҷбуран берун, ё ихроҷ кардаанд.  Гуфта мешавад, приставҳо ин 19 муҳоҷирро дар ду навбат ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав бурда, аз онҷо ба ҳавопаймоҳои роҳии кишварҳои зодгоҳҳояшон савор кардаанд. Аз ин 19 нафар 11 нафараш зодагони Тоҷикистон, 5 тан аз Ӯзбекистон ва 3 нафари боқимонда аз Қирғизистон будаанд.

Хадамоти матбуоти раёсати приставҳои вилояти Калуга гуфт, ҳамаи 19 муҳоҷирро барои 5 соли оянда аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум кардаанд.

Ин ниҳод гуфт, инак 10 сол боз бар асоси қарорҳои додгоҳҳо ба ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳам машғул аст. Гуфта мешавад, сабаби ихроҷ маъмулан вайрон кардан қоидаҳои муҳоҷират ва бидуни патент машғул шудан ба фаъолияти корӣ аз ҷониби муҳоҷирон мешавад. Муҳоҷиронеро, ки ҳукми ихроҷ мегиранд, то берун карданашон дар боздоштгоҳҳои махсус нигоҳ медоранд.

Солҳои гузашта ихроҷи муҳоҷирон аз Русия табиати оммавӣ дошт ва як муддат шумори шаҳрвандони аз Русия ихроҷшуда ва аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрумшуда танҳо дар Тоҷикистон аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ихроҷи муҳоҷирон аз Русия камтар шуд, вале то ҳол давом дорад.

Ёдовар мешавем, моҳи сентябри соли 2021 мақомоти Русия 270 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро афв карда, ба вуруди дубораи онҳо иҷозат доданд. 120 ҳазор нафари афвшуда шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Онҳое мавриди афв қарор гирифтанд, ки барои ягон қонуншикании хурд ба рӯйхатти сиёҳи Русия афтода буданд. Ин афв онҳоеро, ки бо ҳукми додгоҳ аз Русия ихроҷ шудаанд, фаро намегирифт.

Губернатори вилояти Калуга Владислав Шапша  бо сиёсати ошкоро зидди муҳоҷирон ном баровардааст. Ӯ рӯзи 11 феврали соли 2022 дар пайи боздид аз Маркази ягонаи муҳоҷирон аз он изҳори хашм кард, ки дар инҷо ба муҳоҷироне, ки ба забони русӣ ягон калима намедонанд, патент медиҳанд. Баъди боздид аз Маркази муҳоҷирон Шапша фармон баровард, ки муҳоҷиронро дигар дар соҳаҳои савдо, ошхонаву тарабхонаҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор нагиранд. Губернатори Калуга ҳамчунин эълон кард, ки вилояти Калуга аз барномаи “Переселение” мебарояд. “Ин  тасмим зодагони Осиёи Марказиро аз имконияти бо роҳи осон ба даст овардани шаҳрвандӣ маҳрум хоҳад кард”, – таъкид кард Шапша.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button