ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ДАЪВАТИ ҲДТ АЗ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ЛАТТУКӮБГАРОНИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛИРО ҶАЗО ДИҲЕД! (ВИДЕО)

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон дар як муроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хостааст, он кормандони мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансурро, ки дар боздошт ва латтукӯби блогер ва журналисти шинохта Далери Имомалӣ даст доранд, ошкор карда, онҳоро ба ҷавобгарӣ бикашонад.

Демократҳои тоҷик дар муроҷиатномаи худ, ки шоми 6 июни соли 2022 дар саҳифаи раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода дар Фейсбук нашр шудааст, навиштаанд, бадрафторӣ нисбат ба Далери Имомалӣ аз тарафи “гурӯҳи номуайяни кормандони мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансур” дар миёни ҷомеа гуфтугӯ ва норизоии аҳли фарҳангро ба вуҷуд овардааст.

“Албатта чунин тарзи муносибат бо мардуми ҷомеа, бахусус хабарнигорон ва қаламкашон ҳар касеро нороҳат ва норизо гардонда метавонад. То ҷое ки мо хабар дорем, Далери Эмомалӣ ба унвони блогер бештар мавзуъҳои баҳсталаби иҷтимоию рӯзгори мардумро нашр мекунад ва дар навиштаҳои ӯ масъалаи ғаразхоҳӣ, ноором кардани ҷомеа ва ё таҳқиру надомати ҳукумат дида намешавад. Хабарнигор ҳамчун намояндаи қишри бедори ҷомеа рисолати хабаррасонии худро ба мақсади ислоҳи камбудиҳо пешниҳод кардааст, ки чунин амал дар ҳама давлатҳои пешрафта вуҷуд дорад”, таъкид кардааст Шӯрои сиёсии ҲДТ.

Демократҳои тоҷик ааз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ҳодисаи рӯйдода “метавонад барои гурӯҳҳои моҷароҷӯ дастак шавад ва онҳо ба он ранги сиёсӣ дода, ҳадафҳои худашонро ба мардум намоиш бидиҳанд. Дар ҳар сурат, чунин амали нанговари намояндагони сохторҳои давлатӣ эътибори давлат ва ҷомеаи моро коҳиш медиҳад”.

Ба ин далел, ҲДТ аз Рустами Эмомалӣ хостааст, ки “барои пешгирӣ аз чунин рафтори нодурусти ходимони идораҳои давлат, ин амалро ошкор ва иҷрокунандагони онро муҷозот кунед, то дигар дар ҷомеаи шукуфону демократии Тоҷикистон чунин амалу рафтори беандеша ва ношоиста аз тарафи намояндагони ниҳодҳои давлатӣ рух надиҳад”.

Рӯзи 6 июн як гуруҳи нашрияҳо ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон низ бархӯрди хушунатомез нисбат ба Далери Имомалиро маҳкум карданд.

Ёдовар мешавем, Далери Имомалиро рӯзи 4 июн кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шоҳмансур ғайриқонунӣ 5 соат бозпурсӣ карда, латтукӯб кардаанд. Бино ба нақли Далери Имомалӣ, ҳангоми задан соати дасти яке аз латтукӯбгарон мешиканад ва ӯ ҳатто ба шикастани соати дасташ ҳам хабарнигорро гунаҳкор мекунад ва таҳдид мекунад, ки ӯро ба нишон додани муқовимат ба кормандони мақомот айбдор хоҳанд кард. Далери Имомалӣ иқрор кард, ки дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро водор кардаанд, ки ду видео дар бораи чаппа кардани хонаҳои сокинон дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансурро аз каналаш пок кунад.

Саиджафар Усмонзода

Ба раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе

муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Мавзӯи боздошт ва лату кӯби блогер ва хабарнигори тоҷик Далери Эмомалӣ аз тарафи гурӯҳи номуайяни кормандони мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар миёни ҷомеа гуфтугӯ ва норизоии аҳли фарҳангро ба вуҷуд овардааст.

Албатта чунин тарзи муносибат бо мардуми ҷомеа, бахусус хабарнигорон ва қаламкашон ҳар касеро нороҳат ва норизо гардонда метавонад. То ҷое ки мо хабар дорем, Далери Эмомалӣ ба унвони блогер бештар мавзуъҳои баҳсталаби иҷтимоию рӯзгори мардумро нашр мекунад ва дар навиштаҳои ӯ масъалаи ғаразхоҳӣ, ноором кардани ҷомеа ва ё таҳқиру надомати ҳукумат дида намешавад. Хабарнигор ҳамчун намояндаи қишри бедори ҷомеа рисолати хабаррасонии худро ба мақсади ислоҳи камбудиҳо пешниҳод кардааст, ки чунин амал дар ҳама давлатҳои пешрафта вуҷуд дорад. Лоиқи зикраст ки сохторҳои интизомии кишвар дар суботу оромии давлати мо саҳми хосаву беназир доранд аммо муттаасифона як муттахасиси бесалоҳияти яке аз сохтори интизомии ин ноҳия даст ба чунин амали худсарона ва беадолатона задааст.

Чунин рафторҳои нодуруст ва ғайриқонунӣ, ё худ қонуншиканӣ аз тарафи намояндагони алоҳидаи сохторҳои ҳукуматӣ гоҳе рӯй медиҳанд, аммо на ҳамеша ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ ва ё муносибати қонунӣ карда мешавад. Аз тарафи дигар, воқеаи бо хабарнигор Далери Эмомалӣ рӯйдода метавонад барои гурӯҳҳои моҷароҷӯ дастак шавад ва онҳо ба он ранги сиёсӣ дода, ҳадафҳои худашонро ба мардум намоиш бидиҳанд. Дар ҳар сурат, чунин амали нанговари намояндагони сохторҳои давлатӣ эътибори давлат ва ҷомеаи моро коҳиш медиҳад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, то ҷое ки мо хабар дорем, шумо ҳамчун раиси ҷавон ва босалоҳияти ММ МО ҶТ ва раиси шаҳри Душанбе дар ҳайати кории худ ҷавонони донишманд ва болаёқатро ҷамъ овардаед. Донишу лаёқати кории онҳо мерасад, то садди роҳи чунин амалҳои ноҷо дар пойтахт ва саросари мамлакат бишаванд.

Бо ҳамин орзу аз шумо хоҳиш мекунем, барои пешгирӣ аз чунин рафтори нодурусти ходимони идораҳои давлат, ин амалро ошкор ва иҷрокунандагони онро муҷозот кунед, то дигар дар ҷомеаи шукуфону демократии Тоҷикистон чунин амалу рафтори беандеша ва ношоиста аз тарафи намояндагони ниҳодҳои давлатӣ рух надиҳад.

Бо эҳтиром,

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button