ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР 2 САДАМА ДАР ДАНҒАРА ВА ИСТАРАВШАН 3 КАС ҲАЛОК ВА 7 КАСИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДААНД

5-уми июни соли 2022, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ашуров Пир Иномович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кўлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафобахши ноӽияи Данғара, аз уҳдаи идора воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Зарипов Нусратулло Маликшоевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Кўлоб бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ашуров П.И. ва мусофираш, Боқиев Одинамаҳмад Абдусамадович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Давлатов Ҳалим Салимович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Фархор, Набиев Бобоҷон Партоевич, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ховалинг, Мадиев Муҳаммад, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Кўлоб, Рӯзиев Исматулло Маҳмадқулович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Инчунин 6-уми июни соли 2022, тахминан соати 04:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2121», Ҷалолов Одина Камолиддинович, соли таваллудаш 1964, ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Ҷалолзода Сайёра Одина, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамон ҷо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Худи ронанда, Ҷалолов О.К ва мусофиронаш, Ҷалолова Моҳсафо, соли таваллудаш 1966 ва Саидзода Мавҷуда, соли таваллудаш 1998, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рўи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир беэҳтиётии ронандагон ҳангоми истифодаи телефонҳои мобил  ба як сабаби дигари умдаи садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button