Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ВАҲДАТ ЯК ҶАВОНИ 18-СОЛА ҲАНГОМИ МОҲИГИРӢ ДАР ДАРЁИ КОФАРНИҲОН ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  рӯзи 4 июни соли 2022 хабар дод, ки наҷотбахшонаш билохира баъди ҷустуҷӯҳои дурӯза ҷасади як сокини 18-солаи шаҳри Ваҳдатро, ки дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шуда буд, пайдо карданд ва ба кормандони милитсия супурданд.

Ин ҷавон рӯзи 2-уми июн ғарқ шуда буд ва то ҳол сабаби ин ҳодиса маълум нест. Аммо тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҷавон замоне ғарқи об шудааст, ки дар як макони мамнуъ моҳигирӣ мекардааст.

Ба ҳисоби КҲФ аз аввали соли ҷорӣ алакай беш аз 30 нафар, аксаран ноболиғон дар рӯду кӯдҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд. Соли 2021 дар рӯду кӯлҳои Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ҷон бохта шуданд.

КҲФ дар пайи ҳодисаи ахир  аз сокинон хостааст, ҳангоми оббозӣ ва ё моҳидорӣ аз маконҳое истифода кунанд, ки иҷозат дода шудаанд. “Риояи қоидаҳои бехатарӣ шуморо аз хатарҳои эҳтимолӣ нигоҳ медорад”, – таъкид кардааст ин ниҳод.

Ҳамчунин КҲФ хабар дод, ки шаби 3 июни соли 2022,  соати 22:10 дар Душанбе як сокини хиёбони Рӯдакӣ, 150 ба қисми навбатдории КҲФ занг зад ва хабар дод,ки дари манзилаш баста шудаву имкони вуруд надорад ва тифлонаш дар хона танҳоянд.

КҲФ гуфт, имдодгарони раёсати КҲФ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари хонаи ин хонумро боз карданд ва кӯдаконашро аз танҳоӣ наҷот доданд.

Ин ниҳод гуфт, кӯдакон ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ надоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button