Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗИ ИСФАРАЮ БОДКАНД АНҶОМ ЁФТ, ЯК МАРЗБОНИ ҚИРҒИЗ ЗАХМӢ ШУДААСТ

Хадамоти марзбонии Қирғизистон  нимаи дуюми рӯзи 3 июни соли 2022 хабар дод, ки типарронии байни марзбонони тоҷику қирғиз дар мавзеи Булоқбошӣ дар марзи ноҳияи Бодканд бо ҷамоати Ворухи Исфара соати 14:15 ба поён расид. Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин тирпарронӣ як марзбони қирғиз маҷруҳ шудааст ва ба ӯ кумаки лозими тиббӣ расонда шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин муноқиша ва талафоти ҷониби худро шарҳ надодааст, вале мокинони ҷамоати Ворух мегӯянд, задухӯрди мусаллаҳона байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар мавзеи Пули Офтобрӯй доир шудааст. Ҷониби Қирғизистон ин мавзеъро қаламрави худ медонад ва онро Булоқбошӣ меномад.

Дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон   гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва ҷонибҳо барои муақян кардани тафсилоти ин муноқиша вориди музокирот шудаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан хабар дод, ки нимарӯзии 3 июн марзбонҳои он кишвар дар мавзеи Булоқбошӣ (Пули Офтобрӯй) як гуруҳи марзбонҳои тоҷикро дидаанд, ки гӯё аз хатти марз убур кардаанд. Бишкек мегӯяд, ки гӯё онҳо аз марзбонҳои тоҷик талаб кардаанд, ки хоки Қирғизистонро тарк кунанд, вале марзбонҳои тоҷик ба тарафи марзбонҳои қирғиз тир кушодаанд. Дар натиҷа байни ду тараф тирпарронӣ сурат гирифтааст. Ҷониби Қирғизистон иддао дошт, ки гӯё марзбонони тоҷик дар ҷараёни ин задухӯрд аз миномёт истифода бурдаанд ва гӯё ҷониби Тоҷикистон баъди оғози муноқиша техникаи вазнини ҳарбиро ба самти марз интиқол медиҳад.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 983 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун  ҳудуди 330 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли 2021 дар хунинтарин муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 55 нафар кушта ва 240 каси дигар захмӣ шуданд. Аз аввали соли 2022 дар чанд даргирӣ дар марзи ин ду кишвар 4 нафар аз ҷониби Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 20 тани дигар аз ҳарду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button