Хабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ҶАВОҲИРОТ ДАР ПОЙТАХТ ВА ҚАЛЛОБӢ БО ЗАМИН ДАР ТУРСУНЗОДА

Сокини 27-солаи Ваҳдат, ки қаблан ҳам барои дуздӣ суд шудааст, ба он айбдор мешавад, ки шаби 25-уми майи соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи зани 38-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздидааст.

ххххххххххххх

Сокини 46-солаи Турсунзода ба он гумонбар мешавад, ки аз як сокини 56-сола бо роҳи фиреб 120 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонов, барояш 8 сотих замин гирифта медиҳад, аммо пули гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 3 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздии ҷавоҳирот

031

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 27-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда шаби 25-уми майи соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 38-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо як миқдор ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҷинояти қаллобӣ

013

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 56-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2020, марди 46-солаи сокини шаҳри зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонов, ба масоҳати 0,08-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифта медиҳад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button