Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК НАВРАС ДАР ПОЙТАХТ ДАР КАНАЛИ ДЕРИВАТСИОНӢ ҒАРҚ ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки  соати 15:25 дақиқаи рӯзи 26-уми май ба қисми навбатдории ин ниҳод аз ғарқ шудани як наврас дар канали “дериватсионӣ” дар кӯчаи Нодираи шаҳри Душанбе хабар расид. Бо дарёфти хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд.

Маълум шуд, ки ғарқшуда 13 сол дошта, сокини кӯчаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт будааст. 

Ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ, ки муддати се рӯз идома кард, билохира ғаввосони Раёсат рӯзи 28-уми май, соати 14:57 ҷасади наврасро дар умқи оби канал пайдо карда ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Сабаби марги наврас маълум нест. 

КҲФ қаблан хабар дод, ки танҳо дар даҳаи сеюми моҳи май дастикам се кӯдак дар Тоҷикистон ғарқ шуда, аз аввали сол шумораи ғарқшудагон ба 30 нафар наздик мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button