Рӯйдодҳои Бадахшон

5 АКСИ +18: ВКД ГУФТ, 5 РОҲБАРИ АСОСИИ ЭЪТИРОЗҲОИ РӮШОН КУШТА ШУДАНД

Маркази матбуоти ВКД  Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи  31-уми майи соли 2022, соати 09:30, дар натиҷаи гузаронидани “амалиёти зиддитеррористӣ” дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон,  дар фосилаи як километр аз марз бо Афғонистон, 5 тан аз иштирокчиёни фаъоли эътирозҳои ахир дар Рӯшон, ки аз 18-уми майи соли ҷорӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, ҳангоми нишон додани муқовимати мусаллаҳона безарар карда шуданд:

  1. Ғуломҳайдаров Ёдгор Мамадбекович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд,
  2. Почоев Алишер Сафармамадович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар,
  3. Мавлододов Ҳабиб Феткаевич соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд,
  4. Шехбуров Ҷангибек Душанбиевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар,
  5. Палаев Дохунда Худобандаевич, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, ки аз 18-уми майи соли ҷорӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, ҳангоми нишон додани муқовимати мусаллаҳона безарар карда шуданд.

ВКД онҳоро “аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ва террористӣ” меномад. Бино ба иттилои ВКД, дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ яке аз роҳбарони ин гурӯҳ Палаев Қулмаҳмад Каримович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар дастгир гардида, зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ки дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр ва фосилаи 1 км аз хати сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир будаас, чандин мил силоҳ, аз ҷумла:

1 адад силоҳи мерганӣ бо 200 дона тир,

1 адад пулемёти Калашников бо 150 дона тир,

1 адад гранатомёти зиддитанкӣ бо 3 адад гулӯла,

4 автомати Калашников бо 5 тирдон ва 135 дона тир,

5 адад норинҷаки дастӣ ва

2 адад таппончаи Макаров бо 50 дона тир дарёфт ва мусодира карда шуданд.

ВКД мегӯяд, “барои таслим шудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷинояткорон чандин маротиба таъкид гардида буданд. Вале, ҳар маротиба, онҳо ин даъватҳоро сарфи назар карда, аз кирдорҳои ҷиноятии худ даст накашида, аз пайгарди мақомот пинҳон мешуданд”.

Тасдиқи иддаҳои ВКД тавассути манобеи дигари мустақил дар шароити кунунӣ ғайримумкин ба назар мерасад.

Субҳи 31 май ВКД Тоҷикистон исми 10 тан аз иштирокчиёни фаъоли эътирозҳои ахири Рӯшонро, ки баъди саркӯби он эътирозҳо дар ҳоли фирор қарор доштанд, нашр кард. Дар байни онҳое, ки таҳти ҷустуҷӯ гузошта шуда буданд, Қулмаҳмад Палаеви дастгиршуда ва он 5 нафари дар кӯҳҳои атрофи Дерзуд кушташуда  ҳам буданд.

ВКД онҳоро аз ҷумла ба он айбдор мекард, ки 18-уми майи соли ҷорӣ, дар маркази ноҳияи Рӯшони ВМКБ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда ба колоннаи автомашинаҳои хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и КДАМ ҶТ ҳамлаи мусаллаҳона кардаанд, ки бар асари он ҳамла 1 афсар ба ҳалокат расида, 13 хизматчии ҳарбӣ ҷароҳати вазнин бардошта буданд. Вале сокинон мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ дар Рӯшон болои мардуми бесилоҳ аз силоҳҳои ҷангӣ тир кушоданд. Созмони Милал гуфт, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо беш аз 40 нафар кушта шудаанд.  Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ва силоҳҳои ҷангӣ барои саркӯби эътирозҳо айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button