ВарзишНомаҳо ба президент

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ДАР РАҲМОНОБОД БА ШАРАФИ 112-СОЛАГИИ ПАДАРИ ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОН ШАРИФОВ (7 АКС)

“Нигоҳи халқ”, нашрияи шуъбаи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 29 майи соли 2022 дар саҳифааш дар Фейсбук  хабар дод, ки дар маҳаллаи Раҳмонободи деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори 112-солагии  Раҳмон Шарифов, падари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Рӯзи ҷавонон мусобиқаи футболи хурд доир шудааст. Нашрия падари президентро “собиқадори накӯноми меҳнат, падари арҷманди Пешвои муаззами миллат” ном мебарад, вале дар бораи ба футбол чӣ рабт доштани ӯ ва сабаби ба ёди Раҳмон Шарифов доир кардани мусобиқаи футбол маълумоте надодааст.

Вале тавре дар аксҳо дида мешавад, дар Ҷоми Раҳмон Шарифов –  ҷоизаи асосии мусобиқаи футболи хурд дар Раҳмонобод – як аксари падари президентро часпонидаанд ва ҳайъати доварон ҳамчунин бо худ портретеро бардоштаанд, ки дар он аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, падараш Раҳмон Шарифов ва модараш Марямбӣ Шарифова инъикос ёфтаанд.

Бино ба иттилои “Нигоҳи халқ” ин мусобиқа, ки 3 рӯз идома дошт, бо ташаббуси масҷиди панҷвақтаи ба номи Ҳоҷӣ Мулло Баҳриддин (имомаш Ҳомид Расулов, маъруф бо тахаллуси Афғон) ва дастгириву сарпарастии фаъолони маҳалла, аз ҷумла хоҷагии деҳқонии “Шайхон” (раисаш Муродбек Ҳусейнов) доир шудааст.

Зимни суҳбат бо хабарнигори “Нигоҳи халқ” Ҳомид Расулов ҳадафи мусобиқаро чунин шарҳ додааст: “Сокинони маҳаллаи мо, ки маҳз ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои бузургу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Раҳмонобод” ном гирифтааст, дар ҳамаи самтҳо фаъоланд. Аз ин ҷост, ки метавон гуфт, ки Раҳмонобод яке аз маҳаллаҳои пешсаф ва ободи ноҳия маҳсуб меёбад. Мо барои рушди варзиш, аз ҷумла оммавигардонии футбол ва гиромидошти хотираи неки шодравон Раҳмон Шарифов ва тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ин мусобиқаро баргузор кардем”.

Дар мусобиқаи имсола дастаи наврасони маҳаллаи Раҳмонобод пирӯз шуда,Ҷоми Раҳмон Шарифов бо акси падари президентро ба даст овардааст. Ҳомид Расулов гуфт, “истиқболи самимии мардум аз мусобиқаи мазкур моро водор кард, ки ҳамасола онро баргузор намоем”.

Ин маҳаллаи навбунёд дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ қаблан Ферегат ном дошт ва соли 2019 бо дархости сокинон Раҳмонобод ном гирифт.  Ин алакай дувумин нуқтаи аҳолинишин дар Тоҷикистон аст, ки Раҳмонобод номгузорӣ шудааст. Қаблан як деҳаи дар натиҷаи офати табиӣ зарардида дар ноҳияи Ишкошимро баъди барқарор карданд низ Раҳмонобод ном гузоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button