Рӯйдодҳои Бадахшон

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР ФУРӮШГОҲИ “НАСРИДДИН” ВА ТАРКИШИ ПУЛ ДАР ХОРУҒ

Сокинони Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 29 майи соли 2022 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки шаби 29 май бар асари як таркиш пул (кӯпрук)-е, ки бемористони вилоятӣ, воқеъ дар маҳаллаи “Болнисен”-ро бо дигар қисматҳои шаҳр мепайваст, хароб шудааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, сабаби хароб шудани пул сӯхтор ва таркиши балони газ дар яке аз дӯконҳои фурӯшгоҳи “Насриддин” шудааст. Ин фурӯшгоҳ дар паҳлуи пул сохта шудааст.

Сабаби сӯхтор дар ин фурӯшгоҳ маълум нест. Мақомот дар бораи ин ҳодиса ва сабабу оқибатҳои он ягон иттилои расмӣ нашр накардаанд.

Вале дар шароити халои иттилоотӣ дар Хоруғу Бадахшон ин ҳодиса боиси паҳн шудани сарусадо ва овозаҳои мухталиф, аз ҷумла пиромуни эҳтимолан барқасдона оташ задани фурӯшгоҳу таркондани пули назди бемористон шудааст.

Ёдовар мешавем, авзоъ дар Бадахшон аз 14 май ба ин тараф, инак ним моҳ боз дигарбора буғранҷ шудааст. Сокинони Бадахшон бо талаби истеъфои раиси вилояту шаҳрдори Хоруғ ва раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, озод кардани помириҳои дар робита ба эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дастгиршуда ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони куштори се сокини Бадахшон дар моҳи ноябри соли гузашта эътирозҳо доир карданд.

Вале мақомот рӯзи 18 май, дар пайи аз ҷониби эътирозгарон баста шудани шоҳроҳи Душанбе Хоруғ Қулма эътирозгаронро ба ҳамдастӣ бо гуруҳҳои ҷиноӣ ва ифротию террористӣ айбдор карда, барио саркӯби тазоҳургарон дар ноҳияи Рӯшон амалиёти ҳарбиеро бо номи “амалиёти зиддитеррористӣ” ба роҳ андохтанд.

Дар натиҷа, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон, бино ба ҳисоби Созмони Милал, беш аз 40 нафар кушта шуданд. ВКД ҳалокати дастикам 10 нафарро тасдиқ кард ва гуфт, касе аз аҳолии осоишта осеб надидааст ва онҳое, ки куштаву захмӣ шуданд, мусаллаҳ буданд. Вале сокинон мегӯянд, ки ниҳодҳои қудратӣ ба зидди мардуми бесилоҳ аз силоҳҳои ҷангӣ оташ кушоданд. Ҳомиёни ҳуқуқ низ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нирӯ ба зидди эътирозгарон айбдор мекунанд ва талаб доранд, ки тамоми мавридҳои истифодаи силоҳҳои ҷангӣ ба зидди издиҳоми тазоҳургарон мӯшикофона таҳқиқ шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button