ВидеоҶомеа

ВИДЕО+18: ОЧАҶОН, БАС! ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНАИ ЯК КӮДАК АЗ СӮИ МОДАРАШ

 Parviz TV  дар каналаш дар Телеграм видеои лаҳзаи бо чӯб писари хурдсолашро бераҳмона кӯфтани як ҷавонзанро нашр кард.

Маълум нест, ки кӯдак чӣ гуноҳе кардааст, вале дар видео дида мешавад, ки ҷавонзан бо як бераҳмӣ бо чӯб ба пушту пойҳои писараш, ки зоҳиран ҳамагӣ ягон 4 ё 5 сол дорад, мезанад ва кӯдак аз шиддати дард гиряву нола мекунад ва аз модараш илтиҷо мекунад, ки “Очаҷон, бас аст! Назан дигар!”

Доду ғиреви кӯдак аз зарбаҳои беисту паиҳами модараш чунон ба фалак мепечад, ки ҳар кӣ ин видеоро мебинад, дилаш реш мешавад.

Зане, ки ин лаҳзаҳоро бо телефонаш ба навор мегирифт, ӯ ҳам аз гиряву нолаи он кӯдак чунон бетоқат шуд, ки дод мезанад: “Равед, милисаҳоро биоред, ки зада кушт кӯдакро!”

Ин зан, ки эҳтимолан ҳамсоя аст, он модари бераҳмро маломат мекунад, ки “Чӣ хел дилат шуд, ки кӯдакро ин хел бизанӣ? Он химчаро дар танаи кӯдак майда майда кардӣ, охир!”

Он ҷавонзан далел меорад, ки “охир гапро гӯш намекунад”.

Вале бисёрии корбарон муносибати он модарро нисбат ба тифли хурдсолаш маҳкум карда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостаанд, ки ӯро пайдо карда, нисбаташ чораҳои қонунӣ бияндешанд.

Parviz TV гуфтааст, бино ба бархе маълумоти дарёфтӣ, ин ҳодиса дар касабаи “9-ум километр” дар канораҳои шарқии шаҳри Душанбе рух додааст.

Диққат! Онҳое, ки дилашон ё асабашон суст аст,  ин видеоро тамошо накунанд!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button