ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТаърих

АЗ ЭЪТИРОЗҲОИ ХОРУҒ НИМ СОЛ ГУЗАШТ. ҚОТИЛОНИ ГУЛБУДДИНУ ТӮТИШО ВА ГУЛНАЗАРРО ТО ҲОЛ НАЁФТААНД (ВИДЕО)

Рӯзи 25 майи соли 2022 аз эътирозҳои Хоруғ ним сол гузашт. Бо гузашти 6 моҳ ваъдаи асосии мақомот дар ивази қатъи эътирозҳо: пайдо кардану ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони куштори се сокини Бадахшон Гулбиддин Зиёбеков, Тӯтишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков ҳамчунон дар рӯи қоғаз монд ва баъди ҳаводиси ахири Хоруғу Рӯшон бо даҳҳо куштаву захмиаш дигар гумон аст, ки касе дар пайи ҷустану гунаҳкорони марги он се нафар шавад.

Ҳаводиси 6 моҳ пеш дар Бадахшон 25 ноябри соли 2021 аз боздошти Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа оғоз ёфт. Зиёбековро барои худсарона ба асорат гирифтани корманди додситонии Роштқалъа Абирзода, ки ба бадрафторӣ нисбат ба як ҷавонзани маҳаллӣ айбдор мешуд, дастгир карданд.  Боздошти ӯ бо истифода аз тирпарронӣ дар рӯи пули деҳаи Тавдем сурат гирифт.

 Баъди чанд соат мурдаи Зиёбековро бо аломатҳои шиканҷа ва чанд захми тир оварда, дар беморхонаи Хоруғ партофтанд. Мардум аз марги ин сокини Тавдем дар боздошт ба хашм омада, мурдаи кафанпечи Гулбиддин дар рӯи даст дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас бо талаби ёфтану ба ҷавобгарӣ кашидани қотилони ӯ дар майдони Исмоили Сомонӣ дар рӯбарӯи бинои ҳукумати вилоят дар маркази шаҳр гирди ҳам омаданд.

Ҳамон рӯз байни эътирозгарон ва нирӯҳои қудратӣ, ки майдонро тарк кардани мардумро талаб доштанд, чанд задухӯрд ба амал омад, ки дар натиҷа боз ду сокини маҳаллӣ: Тӯтишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков кушта шуда, дастикам 17 каси дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз ҷароҳат бардоштани 12 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар доданд.

Аммо бо вуҷуди талаби тарки майдон эътирозгарон се мурдаи кафанпечро дар рӯи минбар гузошта, то шоми 28 ноябр дар майдон истоданд. Танҳо дар рӯзи чоруми эътирозҳо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Алишер Мирзонабот ва раиси вақти раёсати корҳои дохилии вилоят Рустам Мирзомуродзода бо намояндагони эътирозгарон ба санаде имзо гузоштанд, ки тибқи он, дар ивази хона ба хона пароканда шудани мардум ба онҳо ваъда дода мешуд, ки Интернетро дар Бадахшон то 30 ноябр барқарор мекунанд ва парвандаҳои куштори Гулбиддин ва Гулназару Тӯтишоро зери  назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашонд.

Барои иҷрои ҷараёни иҷрои ин талабҳо эътирозгарон аз ҳисоби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуруҳеро бо номи “комиссияи 44” интихоб карданд.

Аз ин ваъдаҳо танҳо Интернет дар Бадахшон барқарор карда шуд, вале он ҳам қариб баъди 4 моҳ: дар Наврӯзи соли 2022.

Баъди пароканда шудани издиҳом барои таҳқиқи  куштори се сокини Бадахшон дар ҳақиқат як гуруҳи муштарак бо ҷалби 6 намояндаи “комиссияи 44” ташкил шуд, вале то кунун ягон гумонбар дар ин парвандаҳо муайян ва дастгир нашудааст. Баракс дар ин байн даҳҳо сокини Бадахшон ва зодагони ин вилоят дар дигар қисматҳои Тоҷикистону берун аз он бо иттиҳомоти марбут ба эътирозҳои моҳи ноябр дастгир ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Рӯзи 14 майи соли 2022 дар маҳаллаи Бархоруғ гирдиҳамоии нав доир шуд, ки дар он истеъфои роҳбарони вилояту шаҳри Хоруғ,  озод кардани бадахшониҳои дастгиршуда ва боз ҳам ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги Гулбиддин Зиёбеков, Тӯтишо Амиршоев ва Гулназар Муродбековро талаб карданд. Мақомот ин дафъа монеи дар маркази Хоруғ гирди ҳам омадани эътирозгарон шуданд ва субҳи 18 май, дар пайи роҳи стратегии Душанбе Хоруғ Қулмаро бастани мардум дар ноҳияи Рӯшон амалиёти ҳарбиеро бо номи “амалиёти зиддитеррористӣ” ба роҳ андохтанд. Мақомот аз кушта шудани беш аз 10 нафару захмӣ шудани ҳудуди 30 нафар аз ҳарду тараф ва боздошти беш аз 100 нафар хабар доданд. Вале Созмони Милал гуфт, ки дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон беш аз 40 кас кушта шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ба зидди эътирозгарон айбдор мекунанд. Вале мақомот исрор меварзанд, ки эътирозгарон дар Рӯшон мусаллаҳ буданд ва аз ҷониби “созмонҳои террористӣ” ва сафоратҳои бархе кишварҳои ғарбӣ кумаку ҳимоят мегирифтанд. Сокинон мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ болои издиҳоми бесилоҳ оташ кушоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button