ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЗАФАРОБОДУ ВАҲДАТ ВА ДУЗДИИ ПУЛ АЗ ЯК ХОНА ДАР МӮЪМИНОБОД

Шаби 21 май, тахминан соати 22:00,  бар асари бархӯрди «ВАЗ-21099» бо “Мерседес-Спринтер” дар километри 12-уми роҳи Зафаробод-Хуҷанд ронандаи “Жишули” дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, духтари нуҳсолаашро дар бемористон бистарӣ кардаанд.

ххххххххх

Рӯзи 20 май, тахминан соати 12:30, як кудаки нӯҳсола дар Ваҳдат зери чархи мошини тамғаи “Тойота Королла” ҷон бохтааст.

хххххххххх

Сокини 26-солаи ноҳияи Восеъ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи августи соли 2021 аз хонаи як сокини ноҳияи Мӯъминобод 11 ҳазор сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳодисаҳои нақлиётии марговар

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

21-уми майи соли 2022, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», Маҳмадназаров Холбой, соли таваллудаш 1948, сокини ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Зафаробод-Хуҷанд”, дар километри 12-ум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, таҳти идораи ронанда, Усмонов Шерзод Абдуҷабборович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “ВАЗ-21099”, Маҳмадназаров Х. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, мусофири автомашинаи мазкур ноболиғ Маҳмадназарова Навбаҳор соли таваллудаш 2013, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
20-уми майи соли 2022, тахминан соати 12:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Королла”, Ҳалимзода Дилшод Ҳалим, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кулоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромада пиёдагарди ноболиғ Ахмедов Муслиҳиддин Бадриддинович, соли таваллудаш 2013, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ Ахмедов М.Б., ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Аз рўи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ифшо шудани дуздии маблағ

vor-0504

Ба ШВКД дар ноҳияи Муъминобод бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2021, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷузвдон 11 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button