Рӯйдодҳои БадахшонЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ГЕНЕРАЛ САБЗА САРКОРОВ

Соати ҳашти субҳи 22 майи соли  2022, қалби генерал-майори мустаъфии Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон Сабза Саркоров аз задан бозмонд. Ӯ 68 сол дошт. Дар бораи иллати марги генерал Сабза Саркоров чизе гуфта намешавад, вале хабар додаанл, ки пайкарашро барои гӯручӯб ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон равон карданд.

Сабза Саркоров  соли 1954 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, дар солҳои 90 яке аз тарафдорони созмони “Лаъли Бадахшон” буд. Ӯ моҳи марти соли 1999 ба намояндагӣ аз “Лаъли Бадахшон” бар асоси саҳмияи сифоизае, ки тибқи Созишномаи сул ба Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик дода шуд, ибтидо муовини раиси Агентии амволи махсус ва сипас муовини фармондеҳи Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ таъйин шуд ва солҳои тӯлонӣ, то дами ба нафақа рафтанаш дар фармондеҳии нирӯҳои сарҳаддӣ хидмат кард. Маҳз дар ҳамон даврони кори Сабза Саркоров марзбонони тоҷик масъулияти ҳифозати марзҳои Тоҷикистон бо Хитой ва сипас бо Афғонистонро пурра ба дӯши худ гирифтанд.

Ин генерали зодаи Бадахшон дар рӯзҳое даргузашт, ки вазъ дар зодгоҳаш ноором шудааст. Дар рӯзҳои охир дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахҳшон даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Аксари қурбониҳо аз ноҳияи Рӯшон, зодгоҳи генерал Сабза Саркоров буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button