ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛИ САХТ ДАР ИСФАРА

Сокинони Исфара бо ирсоли як видео ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки рӯзи  20 май дар ин минтақа борони сахт борид ва дар пайи боришот сели сахт омада, пули роҳи асосии Исфара –  Чоркӯҳ –  Ворухро дар деҳаи Сурх об зер кард.Ин пул ё кӯпрук дар мавзеи Тангии Сурх сохта шудааст.

Дар моҳи ҷорӣ ин бори дуюм аст, ки  ин пулро сел мешӯяд. Бори аввал рӯзи 11 май ин пул тӯъмаи обхезӣ шуда буд.

Сокинон мегӯянд, аз сабаби зиёд шудани аҳолӣ, ҳоло мардум дар бари селраҳа хона сохта, зиндагӣ доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button