ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЭРОНУ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕСАРНИШИН ТАВЛИД МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Муҳаммад Ҳусейн Боқирӣ ва генерал-полковник Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон рӯзи сешанбе,  17 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон корхонаи муштараки тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронии тамғаи “Абобил 2” –ро ифтитоҳ карданд.

Генерал Боқирӣ дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи ин корхона гуфт, Эрон тавонист дар ҳама созоти низомӣ ва дифоъӣ, ба вижа дар тавлиди паҳподҳо, ё ҳавопаймоҳои бесарнишин, ба рушди чашмгире даст биёбад.

“Имрӯз мо дар мавқеъе ҳастем, ки ба ҷуз аз таъмини ниёзҳои дохилӣ метавонем ба кишварҳои ҳампаймон ва дӯст таҷҳизоти низомӣ содир кунем”, – гуфт сарлашкари артиши Эрон.

Генерал Боқирӣ ифтитоҳи корхонаи «Абил 2» дар Тоҷикистонро як  нуқтаи атф дар роҳи рушди ҳамкориҳои низомии ду кишвар номид хонд ва гуфт,  “ИншоАллоҳ, дар оянда шоҳиди ҳамкориҳои боз ҳам бештари низомӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон хоҳем шуд”.

Дар анҷоми маросим  ба ҷониби Тоҷикикистон калиди рамзии корхонаи тавлиди паҳподҳо супурда шуд.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи сафари Генерал Боқирӣ  то кунун хабари расмие нашр накардааст, вале расонаҳои Эрон хабар доданд, ки раиси ситоди кулли артиши Эрон, ки рӯзи 16 май вориди Душанбе шуд, ҳамчунин бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ мулоқот ва масоили ҳамкориҳо дар риштаҳои амният ва марзҳоро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои ҷониби Эрон, “тақвияти тавонмандиҳои дифоӣ ва низомӣ ба манзури афзоиши ҳамкориҳо дар марзҳои муштарак ва масоил ва таҳаввулоти минтақа ва Афғонистон аз муҳимтарин мавзӯъҳои  ин гуфтугӯҳои буда, ҷонибҳо бар идомаи ҳамкориҳо, машваратҳо ва мулоқотҳои махсус оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва мутақобила таъкид кардаанд”.

Дар солҳои охир сарлашкар Боқирӣ баландпоятарин мақоми ҳарбии Эрон аст, ки аз Тоҷикистон боздид мекунад.

 Равобити Душанбеву Теҳрон дар солҳои охир марҳалаи пуртанишеро паси сар мекунад.

Душанбе Ҷумҳурии исломиро ба он айбдор мекунад, ки ба мухолифини исломии тоҷик паноҳгоҳ дода, онҳоро сармоягузорӣ мекунад. Тоҷикистон ба ин далел ҳатто монеи ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай пазируфтани номзадии Эрон шуд.

Мақомоти Эрон кумакашон ба ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро рад карда, ба навбати худ аз Тоҷикистон талаб доранд, ки беш аз ду миллиард еврои пинҳонкардаи миллиардери эронӣ Бобак Занҷониро баргардонад. Занҷонӣ, ки дар Эрон барои фасод ба қатл маҳкум шудааст, дар додгоҳ мегуфт, ки сармояҳояшро дар Тоҷикистон  гузоштааст. Дар Душанбе инро рад мекунанд.

Ва аммо сафари сардори ситоди кулли артиши Эрон ба Душанбе дар ҳолест, ки дар Афғонистон, кишвари ҷангзадаи ҳам бо Эрону ҳам бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳаракати тундрави Толибон ба қудрат расида, дар он кишвар ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави ДОИШ ҷои по пайдо кардаанд. Зоҳиран таҳдидҳое, ки аз Афғонистон бармеоянд, Душанбеву Теҳронро ба бознигарии равобиташон, бахусус дар соҳоти амниятӣ ва ҳарбӣ водор кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button