АфғонистонВидеоСиёсатТоҷикистон

ДОИШУ ТОЛИБОН ЭРОНУ ТОҶИКИСТОНРО ОШТӢ МЕДИҲАНД? САРЛАШКАРИ ЭРОН БА ДУШАНБЕ ОМАД

Раиси ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммад Боқирӣ рӯзи 16 май дар раъси як ҳайъати баландпояи низомии кишвараш ба манзури тавсиаи ҳамкориҳои дифоӣ ва низомии Теҳрону Душанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.

Дар фурудгоҳи Душанбе сарлашкар Боқириро муовини аввали вазири мудофиа ва сардори ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон генерал Эмомалӣ Собирзода истиқбол гирифтааст.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун сафари сарлашкари баландпояи Эронро шарҳ надодааст, вале расонаҳои расмии Эрон навиштаанд, ки Муҳаммад Боқирӣ дар Душанбе ҷараёни иҷрои тавофуқоти ҳосилашуда дар аввалин нишасти комиссияи ҳамкориҳои низомии Эрону Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳҳои тавсиаи бештари ҳамкориҳои низомии ду кишварро баррасӣ мекунад.

Дар солҳои охир сарлашкар Боқирӣ баландпоятарин мақоми ҳарбии Эрон аст, ки аз Тоҷикистон боздид мекунад.

 Равобити Душанбеву Теҳрон дар солҳои охир марҳалаи пуртанишеро паси сар мекунад.

Душанбе Ҷумҳурии исломиро ба он айбдор мекунад, ки ба мухолифини исломии тоҷик паноҳгоҳ дода, онҳоро сармоягузорӣ мекунад. Тоҷикистон ба ин далел ҳатто монеи ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай пазируфтани номзадии Эрон шуд.

Мақомоти Эрон кумакашон ба ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро рад карда, ба навбати худ аз Тоҷикистон талаб доранд, ки беш аз ду миллиард еврои пинҳонкардаи миллиардери эронӣ Бобак Занҷониро баргардонад. Занҷонӣ, ки дар Эрон барои фасод ба қатл маҳкум шудааст, дар додгоҳ мегуфт, ки сармояҳояшро дар Тоҷикистон  гузоштааст. Дар Душанбе инро рад мекунанд.

Ва аммо сафари сардори ситоди кулли артиши Эрон ба Душанбе дар ҳолест, ки дар Афғонистон, кишвари ҷангзадаи ҳам бо Эрону ҳам бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳаракати тундрави Толибон ба қудрат расида, дар он кишвар ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави ДОИШ ҷои по пайдо кардаанд.

Дар нимаи дуюми солҳои 90, вақте Толибон бори аввал дар Афғонистон ба қудрат расид, Эрон дар баробари Русияву Ҳинд аз кумакрасонҳои умдаи Эътилофи шимол ба раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд буданд, ки ба зидди режими Толибон меҷангид. Дар он солҳо кумакҳои ҳарбӣ ба нирӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд асосан аз тариқи Тоҷикистон расонда мешуд ва Эрону Русия ба хотири онки ба интиқоли ин ёриҳо халал эҷод нашавад, ҳукумат ва мухолифини тоҷикро маҷбур карда буданд, ки бо ҳам сулҳ баста, ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нуқта гузоранд.

Дар пайи моҳи августи соли 2021 дубора ба қудрат дар Афғонистон даст ёфтани Толибон, Тоҷикистон  режими нави ин гуруҳи тундравро напазируфт ва бо ҳимояти ошкораш аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба зидди режими нави Толибон меҷангад,  талаб кард, то ки Толибон дар ҳукумати худ ба тоҷикҳои Афғонистон ҷойгоҳи шоиста ҷудо кунанд. Толибон ин талабро қабул накард.

Ба ин далел, Душанбе чанд вақт боз талош дорад, то муттафиқони қаблии Эътилофи шимолро ба пуштибонӣ аз Ҷабҳаи таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд моил кунад, вале то ҳол бенатиҷа.

Русия аз аввал ба қудрат расидани Толибонро ҳамчун пирӯзии онҳо бар Амрико ва Ғарб истиқбол кард  ва талош дошт, ки бо ҳокимони нави Афғонистон тамос барқарор кунад. Дар ботлоқи ҷанги Украина дармондани Русия ин кишварро аз ҳар навъ дағдағаи дахолат дар қазияи Афғонистон дасткӯтоҳ кардааст ва чунин ба назар мерасад, ки танҳо хости Маскав ҳоло забон ёфтан бо Толибон ва дар ҷараёни ҷанги Украина эмин нигоҳ доштани ақибгоҳи худ аз ин самт аст. Қарори маълум, дар Русия тарс доранд, ки бархе қудратҳои дигар метавонанд аз самти Афғонистон хатти дуюми ҷабҳа кушода, барои Русия халал эҷод кунанд ва аз ҷумла монеи истифодаи нирӯҳои пойгоҳи 201-умаш, ки ҳоло як бахши аъзамашро аз Тоҷикистон ба Украина “партофтааст”, шаванд.

Эрон низ дар оғоз нисбат ба режими нави Толибон мавқеи ҳусни ниятро интихоб кард, чунки қалбан бо онки шоҳиди хуруҷи нирӯҳои Амрикову Ғарб аз як кишвари ҳамсояаш шуд, хушнуд буд.

Вале Теҳрон сипас ба бархе аз шахсиятҳои зидди Толибон, аз ҷумла ба волии собиқи Ҳирот  Исмоилхон дар қаламраваш паноҳ дод ва ба Аҳмади Масъуд ҳам имкон дод, ки бо баҳонаи боздиди аҳли хонаводааш зуд зуд ба Эрон равуо кунад. Ҳамин тавр, Эрон ҳатто мулоқоти рӯбарӯи вазири хориҷаи Толибон Амирхони Муттакиро дар қаламраваш бо як идда аз шахсиятҳои мухолифи режими нави Толибон ташкил кард.

Ба эҳтимоли ғолиб,  дар музокираҳои  Боқирӣ дар Душанбе ин мавзӯъ матраҳ хоҳад шуд.

Вале ҳанӯз маълум нест, ки оё ин бор Теҳрон чун дар солҳои 90 барои пуштибонии ошкоро, аз ҷумла бо пулу силоҳ, аз як ҷабҳае, ки ба зидди Толибон силоҳ гирифтааст,  иқдом хоҳад кард ё на? Чунин эҳтимол дар шароити феълӣ, ба хусус бо дарназардошти инки гумон аст, Русия ин бор ба чунин эътилофи зидди Толибон бипайвандад, ночиз ба назар мерасад.

Вале агар талотуми ҳодисот чунин самту сӯ бигирад, ки Эрон ба чунин кор иқдом кунад, дар он сурат чун дар миёнаи солҳои 90, боз ҳам масъалаи бо мухолифинаш, аз ҷумла бо ҲНИТ, оштӣ додани ҳукумати Тоҷикистон дар дастури кор қарор мегирад. Дурнамое, ки дар Душанбе кам касе хушаш дорад, вале дар пасманзари таҳаввулоти ахир, бахусус хабарҳо дар бораи гӯё дар баданаи оппозитсияи тоҷик зуҳур кардани як қаноти низомӣ ва таҳдиди ахири Гулбуддин Ҳикматёр, ки Толибон метавонад дар хоки Афғонистон ба мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон ҷои по ва пойгоҳ бидиҳад, Душанбе ва муттафиқони эҳтимолиашро водор мекунад, ки ҷиддан ба ташкили музокираи нави сулҳ байни ҳукумат ва оппозитсияи тоҷик низ фикр кунанд.

Ин музокирот ва ин оштӣ ба чӣ шаклу чӣ сурате падидор хоҳад шуд?, ин дигар берун аз салоҳият ва тасаввури генералҳои тоҷику эронист, ки имрӯз баъди солҳои сояи якдигарро аз девор тарошидан дар Душанбе пушти мизи музокирот нишастанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button