ВидеоИқтисод

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛИ САХТ ПУЛ(КӮПРУК)-И РОҲИ АСОСИИ ИСФАРА – ЧОРКӮҲ – ВОРУХРО ДАР ДЕҲАИ СУРХ КАНДА БУРД

Сокинони Исфара бо ирсоли як видео ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки рӯзи 11 май дар ин минтақа борони сахт борид ва дар пайи боришот сели сахт омада, пули роҳи асосии Исфара –  Чоркӯҳ –  Ворухро дар деҳаи Сурх пурра канда бурдааст. Ин пул ё кӯпрук дар мавзеи Тангии Сурх сохта шуда буд.

Сокинон мегӯянд, аз сабаби зиёд шудани аҳолӣ, ҳоло мардум дар бари селраҳа хона сохта, зиндагӣ доранд.

Ҳавошиносони тоҷик аз қабл гуфта буданд, ки дастикам то поёни ҳафтаи равон, яъне аз 10 то 16-уми моҳи майи соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ обу ҳавои номусоид ҳамроҳ бо боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ  дар назар дошта шуда, дар пайи ин офатҳо хатари селҳои харобкор, лағзиши тарма, ярч, резиши санг вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот аз аҳолӣ хостаанд, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан барои ҷамъоварии ҳезуму алафҳои дорувор (чукрию рошаку сиёҳалаф), занбурӯғ (хоч), чорвочаронӣ, моҳидорӣ ва шикор ҳадалимкон худдорӣ карда, дар интихоби чарогоҳ барои чаронидани чорвои худ низ аз эҳтиёт кор бигиранд.

Ҳамчунин аз шаҳрвандон хоста шудааст, ки ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо, сангу рег тоза кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button