ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

САФАРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ТУРКМАНИСТОН, КИШВАРЕ, КИ ДАР ОН ҚУДРАТ АЗ ПАДАР БА ПИСАР ГУЗАШТ (8 АКС)

 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 11 май бо як сафари расмӣ ба пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод  рафт. Ин сафар дар ҳоле сурат гирифт, ки ахиран Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз мақоми президенти Туркманистон канор рафт ва ба ҷои худ писараш Сардор Бердимуҳаммадовро ба қудрат овард. 

Дар Тоҷикистон низ, қарори маълум, чанд сол боз нақшаи аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ супурдани курсии президент матраҳ аст, вале ин нақша ба далели як силсила омилҳо чанд дафъа боз ба таъхир гузошта шудааст.

Дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ки Рустами Эмомалӣ бо ҳавопаймои махсуси ширкати “Сомон Эйр”, ки ба шарафи асосгузори адабиёти муосири тоҷик “Садриддин Айнӣ” номгузорӣ шудааст, ба Ишқобод омадааст.

Рустами Эмомалиро дар ин сафари расмӣ ба Туркманистон раисони кумитаҳо ва роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.  Дар фурудгоҳи Ишқобод  ҳайъати Тоҷикистонро муовини раиси парлумони Туркманистон, сафири Тоҷикистон дар он кишвар ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.  Дар рӯзи аввали боздидаш аз Туркманистон Рустами Эмомалӣ бо раисони ҳарду палатаи парлумони он кишвар: раиси Маҷлиси Миллӣ Генгеши Туркманистон Гулшод Маммадова ва раиси Халқ Маслиҳати Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар ин дидорҳо масоили ҳрушди ҳамкориҳои дуҷониба ва тавсиаи робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шудаанд.

Дар мулоқот бо президенти қаблии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳамедов, Рустами Эмомалӣ, бино ба иттилои расмӣ, ӯро “ба муносибати оғози фаъолият ба ҳайси Раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон муборакбод намуда, ба ӯ дуруди бародарона ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расониданд”.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 34 сол дошта, аз соли 2017, инак 5 сол боз шаҳрдори Душанбе, пойтахти ин кишвар аст. Ӯ моҳи апрели соли 2020 раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон низ интихоб шуд ва бо касби ин мақом расман раҳбари дуюми ҷумҳурӣ дониста мешавад.

Рустами Эмомалиро як вориси эҳтимолии курсии президентии падараш мешуморанд. Эмомалӣ Раҳмон, ки имсол ба синни 70 мерасад, аз соли 1992, қариб 30 сол боз бар Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.  Ҳанӯз дар соли 2016 синни ҳадди ақали номзадӣ ба президентиро дар Тоҷикистон аз 35 то 30 пойин оварданд ва аксарият бар ин буданд, ки ҳадаф аз ин тағйирот ҳамвор кардани роҳи Рустами Эмомалӣ барои ширкат дар интихоботи президентии соли 2020 аст. Вале дар ин интихобот Эмомалӣ Раҳмон бори дигар номзадии худашро пешбарӣ кард ва даврони раёсаташро боз ба 7 соли дигар, то соли 2027 тамдид кард.

Озарбойҷон дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ нахустин ҷумҳуриест, ки таҷрибаи интиқоли қудрат аз падар ба писарро ҳанӯз соли 2003 таҷриба карда буд. Президенти вақти ин кишвари саршор аз манобеи нафти Қафқози ҷанубӣ Ҳайдар Алиев, ки дар бистари марг қарор дошт, тавонист пеш аз даргузашти худ писараш Илҳом Алиевро ба ҷои худ президент кунад.

Соли ҷорӣ дуюмин мавриди интиқоли қудрат аз падар ба писарро дар Туркманистон амалӣ карданд. Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки имсол ба синни 65 медарояд ва 15 сол боз бар Туркманистон, ин кишвар саршор аз захираҳои нафту гази Осиёи Марказӣ раҳбарӣ мекард, моҳи феврал дар нишасти бахшида ба 15-солагии раёсаташ ба таври ғайриинтизор изҳор дошт, ки хаста шудааст ва аз курсии президентӣ канор меравад, то ки “барои ҷавонон роҳ кушояд”.

Рӯзи 12 март дар Туркманистон интихоботи пеш аз муҳлати президент баргузор шуд, ки бо пирӯзии Сардор Бердимуҳаммадов, писари чилсолаи Бердимуҳаммадови калонӣ анҷом ёфт.

Ҷолиб он аст, ки дар ин авохир Рустами Эмомалӣ аз ҳарду кишвари Шӯравии собиқ, ки дар онҳо қудрат аз падар ба писар гузашт, боздид кард. Ӯ дар аввали моҳи март дар раъси як ҳайъати Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба Озарбойҷон сафар карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button