ВарзишВидео

“ИСТИҚЛОЛ” БОРИ 11-УМ БАРАНДАИ ШОҲҶОМИ ТОҶИКИСТОН ШУД

Рӯзи 8 майи соли 2022, бошгоҳи “Истиқлол” –и Душанбе бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, бори дигар барандаи Шоҳҷом ё Суперкубоки футболи Тоҷикистон шуд. “Истиқлол” инак бори 11- ум барандаи ин ҷоми муътабари футболи кишвар шуд.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена” дар шаҳри Турсунзода дар ҳузури 5600 тамошобин баргузор гардид.

Голи ягонаеро, ки пирӯзии “Истиқлол” –ро таъмин кард, дар дақиқаи 84-уми бозӣ Рустам Соиров ба дарвозаи “Хуҷанд” ворид кард. Бо вуҷуди танҳо дар дақиқаи 64-ум ба майдон баромаданаш, Рустам Соиров бозигари беҳтарини ин бозӣ низ дониста шуд.

“Истиқлол” қаблан дар солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020 ва 2021 Шоҳҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст оварда буд. Дар 13 соли охир танҳо ду маротиба: дар солҳои 2013 ва 2017 “Истиқлол” натавонист ин ҷомро ба даст биорад.

Соли 2021 “Истиқлол” баъди пирӯзӣ бар “Равшан” –и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 барандаи Шоҳҷоми Тоҷикистон шуда буд.

Париматч- Шоҳҷоми Тоҷикистон-2022

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 1:0

Гол: Рустам Соиров, 84.

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Искандар Ҷалилов, Никита Чичерин, Владислав Касминин, Далер Имомназаров (Аҳтам Назаров, 90+1), Шервонӣ Мабатшоев (Алиҷон Кароматуллозода, 77), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов (Сайёди Ковусшо, 90+1), Мухаммадҷон Раҳимов (Ислом Зоиров, 46), Эрик Бокум (Рустам Соиров, 64), Манучеҳр Ҷалилов.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Далерҷон Баротов, Фирдавс Чақалов, Наимҷон Иброҳимзода (Игнатий Сидор, 90+2), Алишер Баротов, Фирдавс Абдусалимов, Эҳсон Бобоев, Кароматулло Саидов (Андрей Левковетс, 66), Ҷаҳонгир Эргашев, Сергей Тсканян, Сорбон Авғонов (Далер Ёдгоров, 79), Муҳаммадалӣ Азизбоев (Шоҳрух Маҳмудҳоҷиев, 66).

Огоҳиҳо: Нуриддин Давронов, Ислом Зоиров, Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фирдавс Абдусалимов («Хуҷанд»).

Бозигари беҳтарини бозӣ: Рустам Соиров («Истиқлол»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).

Ҳамоҳангсози бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).

8 майи соли 2022. Турсунзода. Варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”. 5600 тамошобин.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button