ВидеоҶомеа

ВКД: ГУЛАНДОМ ДУХТАРОНИ ТОҶИКРО ФИРЕБ ДОДА, БАРОИ ТАНФУРӮШӢ БА ТУРКИЯ МЕФИРИСТОД (ВИДЕО)

Кормандони раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон (УБОП) сокини деҳаи Чиртаки ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода Гадоева Гуландом Абулазизовна, соли таваллудаш 1994-ро бо иттиҳоми хариду фурӯши занону духтарон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои тафтишот, Гадоева Гуландом тақрибан як соли охир ба ин кор машғул шуда, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Туркия Юсуф, мулаққаб ба Ота,  бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ ба боварии духтарони ҷавони тоҷик даромада, ба онҳо бардурӯғ ваъда медодааст, ки дар Туркия барояшон ҷойҳои кори сердаромад бо маоши баланд пайдо мекунад.

Гадоева бо чунин ваъда духтарони тоҷикро ба шаҳри Яловаи Туркия  бурда, дар он ҷо  ин духтаронро ба асорати қарзӣ гирифтор кардааст ва бо мақсади рӯёндани даромади зиёд онҳоро ба мардони синну миллаташон гуногун савдо кардааст.

Дар гузорише, ки дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфта мешавад,Ю ки Гадоева аз моҳи январи соли 2021 то моҳи январи соли 2022 дар се марҳала занону духтарони ҷавони тоҷикро аз ҳисоби худаш чиптаи парвоз харида, тавассути парвози Душанбе Истанбул ба Туркия фиристодааст. Дар Истанбул шарики ӯ  Юсуф “Ота” ин занону духтаронро пешвоз гирифта, ба шаҳри Ялова, ки ягон 90 километр аз Истанбул дуртар аст, бурда, дар онҷо бо талаби баргардондани пули қарзи ӯву Гуландом онҳоро ба танфурӯшӣ водор кардааст.

Назари худи Гадоева дастрас нест, вале ВКД мегӯяд, ки ӯ дар баёноташ гуфтааст, ки гӯё бо чунин роҳ аз ҳар духтари ба Туркия фиристодаашон аз 5 ҳазор то 6 ҳазор доллар фоида ба даст меоварданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда нисбат ба Гадоева Гуландом бар асоси моддаи 130, иловаи яки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми хариду фурӯши занону духтарон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Гадоева Гуландом дар чорчӯби ин парванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Ба ӯ ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button