ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

НАҶОТИ ҶОНИ ЯК ҶАВОН, КИ НИМАШАБ ДАР БАЙНИ ДАРЁИ ДУШАНБЕ ДАРМОНДА БУД

Нимишабии 6 майи соли 2022, соати 01:25 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар доданд, ки дар миёни рӯди Душанбе, дар наздикии тарабхонаи “Яккасарой” дар яке аз девораҳои оҳанубетонии мобайни дарё ҷавоне дармондааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дарҳол гурӯҳи наҷотдиҳандагони Бахши вокуниши сареъи КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Наҷотдиҳандагон ҳангоми расидан маълум карданд, ки ҷавон бо сабабҳои номаълум дар миёни дарё худро андармон кардааст. Ҷараёни об тарсро дар дилаш ҷо кардаву ёрои ҳаракат накардааст.

Ҳарорати оби дарё дар замони оғози амалиёти наҷот 15-17 дараҷа гарм буд. Имдодгарон бо истифода аз ресмони бехатарӣ то ба назди ҷавон худро расонданд, ӯро бо ресмон бастанд ва аз миёни дарё ба соҳил кашиданд.

Ҷавон 19 сол доштааст. Сабаби ба ин ҳол гирифтор шуданаш маълум нест. Азбаски ҷавон ба ёрии тиббӣ ниёз дошт, наҷотбахшон фавран ӯро ба бемористони “Истиқлол” интиқол додаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳузур дар наздикии махзанҳои об ва ё қасди шиновариву оббозӣ кулли қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button