ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ РОНАНДА ВА ҲАМСАРУ ҚУДОЯШ ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР МАВЗЕИ ҚАВОЛАИ ПАНҶАКЕНТ

Тақрибан соати сеи шаби 7 майи соли 2022,  як ронандаи мошини “Мерседес”, ки келини ҳомилаашро аз деҳаи Сӯҷина ба таваллудхонаи шаҳри Панҷакент мебурд,  дар мавқеи Қавола дар канори ин шаҳр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста, ба қисмати қафои як мошини боркаши тамғаи “Дулан” бархӯрдааст.

Ба гуфтаи манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар натиҷаи ин садама ронандаи “Мерседес” ва ҳамсару қудояш, ҳарсе сокинони деҳаи Сӯҷина дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Келини ҳомилаи ин хонаводаро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса дастрас нест.

Мақомоти БДА ба таҳқиқи сабабҳои ин садамаи марговар дар Қавола машғуланд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button