ВидеоМуҳоҷирон

ЯК СОКИНИ СОЛХӮРДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР СИННИ 88 (!!!) ШАҲРВАНДИ РУСИЯ ШУД (ВИДЕО)

Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии кишвари Краснодари Русия рӯзи 6 май дар бораи як мавриди ғайриоддии эътои шаҳрвандии Русия хабар дод. Як зодаи Тоҷикистон, ки ба шаҳрвандии Русия пазируфта шуд, 88 сол доштааст!

Бино ба иттилои пулиси кишвари Краснодар, дар арафаи иди Ғалаба ба ветерани Ҷанги бузурги ватанӣ Дӯсмамад Тошмамадов дар як шароити тантанавӣ  шиносномаи шаҳрванди Русия супурда шуд. Ин ветерани 88-сола ба ин минтақаи ҷануби Русия аз Тоҷикистон барои зиндагии доим ҳамроҳи писараш, ки полковники мустаъфӣ мебошад, омада буд. Ӯ моҳи марти соли 2022 барои гирифтани шаҳрвандии Русия дархост дод.

 “Кормандони раёсати муҳоҷирати минтақа тамоми кори аз онҳо вобастаро анҷом доданд, то асноди ин ветерани ҷангро ҳарчӣ зудтар омода кунанд. Маросими савганди садоқат ба Федератсияи Русияро ёд кардани ӯ дар як шароити пуртантана доир шуд. Барои иштирокчии ҷанг муҳим буд, ки шиносномаи Русияро надар хона, балки расман дар идораи муҳоҷират ба даст бигирад. Баъди гирифтани шиносномаи шаҳрванди Русия, Дӯсмамадов ба кормандони пулис барои ҳусни тафоҳум ва имкони пайвастан ба писару оилаи ӯ изҳори сипос кард”, – гуфта мешавад дар иттилоияи пулиси Краснодар.

Вале иштироки Тошмамадов дар Ҷанги бузурги ватанӣ баҳсбарангез ба назар мерасад. Чунки, агар ӯ имрӯз 88 сол дошта бошад, пас соли 1945, дар соли анҷоми Ҷанги бузурги ватанӣ ҳамагӣ … 11 сол дошт ва табъан ба ҳеҷ сурат наметавонист дар ҷанг иштирок кунад.

Бино ба омори расмии ВКД Русия, дар тӯли соли 2021 103 ҳазору 681 зодаи Тоҷикистон шиносномаи тоҷикии худро бо шиносномаи русӣ иваз кардаанд. Ин 35% беш аз 63 ҳазору 389 нафар аз Тоҷикистон аст, ки соли 2020 соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд.

Ба ҳисоби миёна, соли 2021 ҳар рӯз дастикам 284 тоҷикистонӣ шиносномаи тоҷикии худро бо шиносномаи русӣ иваз кардааст. Соли 2020 ин нишондиҳанда 173 нафарро дар як рӯз ташкил медод.

Бино ба омори расмии ВКД Русия, ҳоло боз 96 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон дар Русия ҳаққи иқомат (ВНЖ, вид на жительство) ва бюоз 47 ҳазор нафари дигар иҷозат барои иқомати муваққат (РВП, разрешение на временное проживание) доранд. Ҳамчунин ҳар сол ҳазорон оила аз Тоҷикистон худро барои кӯчидан ба Русия барои зиндагии доим тибқи барномаҳое, чун “Переселение соотечественников” саюти ном мекунанд. Ин ба маъноест, ки феълан боз даҳҳо ҳазор тоҷикистонии дигар барои гирифтани шаҳрвандии Русия дар навбат истодаанд.

Бино ба оморҳо, дар 8 соли охир ҳудуди 300 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуда, аз соли 2000 ба ин тараф тақрибан 800 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон сукунати доимӣ дар Русияро ихтиёр кардаанд ва аксари онҳо бо аҳли оилаҳояшон шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд.

Бар илова, дар солҳои охир шумори онҳое низ дар ҳоли афзоиш аст, ки барои ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар худро ба кишварҳои аз Русия низ дуртари Аврупову Амрико мезананд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, дар шароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.

Аммо ҷомиашиносон мегӯянд, барои мардуми тоҷик муҳаббат ба зодгоҳ дар фарҳанги чандҳазорсолааш нақши бориз дорад ва афзоиши раванди ҳиҷрати аҳолӣ ба хориҷ аз сарчашмаҳои ҷиддитар ва пеш аз ҳама аз эҳсоси ноумедии онҳо ба ояндаи беҳтар дар Ватан маншаъ мегирад.

Бо онки сели сокинони Тоҷикистон бо умеди ба даст овардани “роҳхат ба як зиндагии беҳтар” дар пеши дари сафоратҳову идораҳои муҳоҷирати кишварҳои хориҷӣ навбат мепоянд, ҷомиашиносон аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд.

Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button