ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

МАРЗБОНОНИ ӮЗБЕК БОЗ СЕ ШАҲРВАНДИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ПАРРОНДАНД

Рӯзи 5 майи соли 2022, дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон дар мавзеи Добо –Қӯрғони ҷамоати Актами ноҳияи Ала-Буқаи вилояти Ҷалолобод марзбони ӯзбек ба зидди се шаҳрванди Қирғизистон аз силоҳ истифода бурда, ҳарсеро куштаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, шаҳрвандони Қирғизистон А.К., соли таваллудаш 1974., А.Ж., соли таваллудаш 1998 ва А.Ж., соли таваллудаш 2000  бо ҷароҳатҳо аз силоҳи оташфишон ба бемористони ноҳияи Ала-Буқа интиқол дода шуданд, вале табибон натавонистанд онҳоро наҷот диҳанд. Ҳарсе ба ҳуш наомада, дар бемористон ҷон додаанд.

Дар робита ба ин қазия музокироти намояндагони ниҳодҳои марзбони ду кишвар идома дорад ва чорабиниҳои тафтишотӣ шурӯъ шудаанд.

Дар як моҳи охир алакай 5 шаҳрванди Қирғизистон аз тири марзбонони ӯзбек кушта шуданд.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 5 апрели соли 2022  дар марзи Ӯзбекистон бо Қирғизистон а, марзбонони ӯзбек ду сокини Қирғизистонро парронданд. Гуфта мешуд, чанд шаҳрванди Қирғизистон дар наздикии деҳаи Дейреси ноҳияи Оқсии вилояти Ҷалолобод бо аспҳо мехостанд ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон борҳои қочоқиро гузаронанд.

Марзбонони ӯзбек онҳоро дар 500-метрии марз дида, амр додаанд, ки биистанд, вале қочоқбарон итоат накардаанд. Дар натиҷа,  ҳангоми боздошти ин сокинони Қирғизистон байни онҳо ва марзбонони ӯзбек занозанӣ сар задааст ва марзбонҳо бо мақсади ҳимоят аз худ тир кушодаанд. Дар натиҷа ду шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳатҳои марговар бардошта, ба ҳалокат расидаанд. Қочоқбарони боқимонда тавонистаанд ба ҳудуди Қирғизистон фирор кунанд.

Марзбонони Ӯзбекистон гуфтаанд, ки ин қочоқбарон мехостанд ба маблағи 20 ҳазор доллари Амрико молу маҳсулоти гуногунро аз марз қочоқӣ гузаронанд.

Гуфта мешавад, кушташудаҳо дар асл зодагони Ӯзбекистон буда, соли 2012 шаҳрвандии Қирғизистонро ба даст овардаанд, вале шиносномаҳои ӯзбекиашонро низ ҳифз карда будаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button