ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО 18+: МУҲОҶИРИ ТОҶИК КӮДАКЕРО, КИ АЗ ҚАБАТИ ШАШУМИ БИНО АФТОД, НАҶОТ ДОД

Шоми душанбе, 2 майи соли 2022 дар шаҳри Ногински вилояти Маскав, воқеъ дар тақрибан 50-километрии шаҳри Маскав ҳодисаи рӯй дод, ки ба мӯъҷиза шабоҳат дорад. Дар инҷо дар байни чанд дақиқа аз тирезаи қабати шашуми бинои истиқоматӣ ду кӯдак: ду бародари яке сесола ва дуюмӣ дусола  ба замин афтоданд ва ҳарду зинда монданд. Бо вуҷуди афтодан аз чунин баландӣ ҳатто дасту по ё ягон қабурғаи ин ду кӯдак нашикастааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, аввал тифли хурдии дусола рост ба рӯи замин афтод, вале аввал як кондитсионери насбшуда дар қабати чорум ва сипас замини мулоим боис шуданд, ки ӯ ягон осеби ҷиддӣ бардорад. Баъди чанд дақиқа бародари калонии ӯ ҳам аз қабати шашум сарозер шуд, вале дар зери тиреза алакай мардуми зиёд ҷамъ шуда буд ва як муҳоҷири тоҷик тавонист кӯдаки афтодаро бо дастонаш бидорад ва аз афтидан ба замин наҷот бидиҳад.

Лаҳзаи дар тахтаи тиреза овезон шудани яке аз ин кӯдаконро як шоҳид тавонистааст бо телефонаш сабт кунад.

Хабарнигори “Комсомольская правда” аз ҷои ҳодиса гузориш дод, ки модари кӯдакон он соат дар кор будааст ва падарашон онҳоро дар хона танҳо гузошта, барои харид ба мағоза рафтааст. Дар вақти набудани волидон, ин ду кӯдак ба болои ҷевон (комод), ки дар наздикии тиреза буд, баромада, аз онҷо ба рӯи тахтаи тиреза пой гузоштаанд ва сипас тирезаро кушода, берун баромадаанд.

Александр Сизов, сокини 37-солаи Ногинск ва шоҳиди ин ҳодиса ба журналистон тафсилоти ба таври мӯъҷизавӣ наҷот ёфтани ин ду кӯдакро нақл кардааст.

Сизов бо дӯстонаш дар он тарафи роҳ дар қаҳвахона нишаста будаанд, ки афтидани кӯдаки якумро дида, ба ҷои ҳодиса шитофтаанд.

“Мо аввал ҳатто нафаҳмидем, ки чӣ гап шуд? Мо давидем, ҳамсояҳои мо аз Арманистон давида омаданд, бачаҳо аз Тоҷикистон давида омаданд. Кӯдаки хурдсолеро дидем, ки дар рӯи замин афтидааст. Ӯ ҳатто аз ҳуш нарафта буд, қариб гиря ҳам намекард.  Ҳамсояи ман ӯро ба рӯи даст гирифт ва ман ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задам. Як ҳамсояи дигарамон, ки табиб буд, омад ва ба муоинаи кӯдак сар кард”, – нақл кардааст ин шоҳид.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамин вақт онҳо диданд, ки кӯдаки дуюм ҳам аз тиреза  берун баромад.

“Мо ҳатто фурсат наёфтем, ки ягон кӯрпа ё курткаро паҳн кунем ва ҳамаи мардҳои онҳоҷ ҷамъ шуда, ки 6 нафар будем, дастҳоямонро бардоштем, ки кӯдакро ба замин наафтода, бо даст бидорем. Ӯ баъди чанд лаҳза аз тиреза сарозер шуд. Як бачаи  тоҷик тавонист ӯро дар рӯи қафаси синааш бидорад ва ӯро наҷот дод”, – нақл  мекунад Александр Сизов.

Вақте падари кӯдакон аз мағоза баргашта, дид, ки кӯдаконаш ба чӣ ҳодисае гирифтор шудаанд,  ӯ ба ҳолати шок афтодааст.  Нисбат ба падари кӯдакон метавонанд бо иттиҳоми дар ҳолати хатарнок гузоштани фарзандонаш метавонанд парванда бикушоянд. Ҷазои ҳадди аксар барои чунин амал дар Русия то як соли зиндон аст.

Табибон баъди ба бемористон бурдани кӯдакон онҳоро рентген карда, муайян кардаанд, ки ягон ҷояшон нашикастааст. Танҳо кӯдаки якум, ки ба замин афтод, мағзи сараш ҷунбида, чанд ҷои баданаш харошидааст ва захмҳои сабук бардоҳтааст.

Вале муҳоҷири тоҷике, ки кӯдаки дуюмро наҷот дод, ин тифлро ба дасти дигарон дода, аз паси кори худ рафтааст. Ӯ аз суҳбат бо журналистон худдорӣ карда, гуфтааст, ки як вазифаи инсонии худро иҷро карда буд, ки кирои гуфтан намекунад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ ин марди тоҷик дар яке аз ширкатҳои коммуналии Ногинск кор карда, ҳамроҳи ҳамватанҳояш дар берун аз шаҳр дар як дача (бӯстонсаро) иҷора мешинад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button